Режими Исроил дар ҳоли поксозии қавмӣ аст

Як намояндаи демократ аз иёлати Миннесотаи Амрико, дар эътироз ба иқдомоти режими саҳюнисӣ дар Ғазза, иқдомоти ин режимро ба далели поксозии қавмӣ дар Ғазза маҳкум кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Илҳон Умар” намояндаи демократи Миннесотаи Амрико, дар хусуси иқдомоти режими Исроил барои поксозии қавмии фаластиниҳо дар Ғазза ҳушдор дода ва унвон кард, ки иқдомоти ин режим барои тахлияи шимоли Ғазза аз фаластиниҳо зарфи муддати 24 соат, навъе «поксозии қавмӣ» аст ва ба ақидаи ӯ ин иқдом метавонад як «буҳрони инсонии ғайриқобили тавсиф»-ро эҷод кунад.

Аз замони эъломи ҷанги Исроил алайҳи Ҳамос, ин режим маргбортарин ҳамалоти ҳавоӣ худ дар таърихро дар Ғазза анҷом додааст. Изҳороти Илҳон Умар пас аз он анҷом гирифт, ки хабаргузории “Axios” бо интишори матлабе навишт: «Исроил ба Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, шимоли Навори Ғаззаро зарфи муддати 24 соат тахлия мекунад».

Илҳон Умар дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоӣ (X) навишт: иқдом барои ихроҷи дастаҷамъӣ беш аз як миллион нафар дар як рӯз поксозии қавмӣ аст. Вай ба ин мавзӯъ низ ишора карда, ки ба гуфтаи Созмони Милал ин иқдом ғайримумкин буда ва авоқиби инсонии бисёр вайронгаре ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Вай дар интиқод аз сиёсатҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнисӣ алайҳи фаластиниҳо дар Ғазза навишт: мо бояд аз нодидагирифтани ҷони ҳазорон фаластинӣ ҷон бохта ва миллионҳо фаластиние, ки дар хатар ҳастед, даст бардорем ва аз тамоми абзорҳои дипломатики худ барои ҷилавгирӣ аз ин мавзӯъ истифода кунем.

Созмони Милали Муттаҳид поксозии қавмиро интавр таъриф кардааст: «сиёсати ҳадафманде, ки аз сӯи як гурӯҳи қавмӣ ва мазҳабӣ тарроҳи шуда то бо хушунат ва эҷоди ваҳшати ҷамъияти ғайринизомии як гурӯҳи қавмӣ ва мазҳабии дигарро аз манотиқи ҷуғрофиёӣ хос ҳазф кунад».

Илҳон Умар дар навиштаи дигаре ба ин мавзӯъ пардохт, ки чаро мӯътақид аст тахлияи 24 соатаи фаластиниҳо аз Ғазза ғайримумкин буда ва хотир нишон кард ин амр мӯҷиби эҷоди буҳронҳои инсонии ғайриқобили тавсиф мешавад.

Ӯ навишт: аввал инки бисёре аз фаластиниҳо маҷрӯҳ, овора буда ва ё аз бастагони бемор, маҷрӯҳ, кӯдак ё солманди худ муроқибат мекунанд ва ба содагӣ наметавонанд роҳ бираванд ва Ғаззаро тарк кунанд.

Изҳороти дигари Илҳон Умар дар интиқод ба сиёсатҳои нахуствазири режими палиди саҳюнисӣ мабни бар қатъи комили арзаи сӯхт, ғизо, барқ ва дору ба Ғазза унвон шуд ва дар инбора навишт: бо қатъи иртиботот ва барқ аз сӯи Исроил ин иқдом амалӣ намешавад.

Вай ба ин хотир, ки ҷодаҳо бомбаборон шуд ва ҳатто сӯхти бисёре аз худравҳо тамом шуда ва ин мавзӯъ мавзӯъи хурӯҷ аз Ғаззаро ғайримумкин мекунад.

Вай дар навиштаи дигаре ҳам навишт: ҷануби Ғазза наметавонад як миллион ва 100 ҳазор нафари дигарро дар худ ҷой диҳад ва ҳеҷ эъломияе мабнӣ бар «таваққуфи ҳамалот» ҷиҳати ҳимоят аз сокинон дар ҳангоми тахлия шимоли Ғазза вуҷуд надорад.

Илҳон Умар дар поён пас аз овардани далоили худ мабни бар ғайримумкин будани кӯчи иҷбории фаластиниҳои шимоли Ғазза таҳти таъсири фишорҳои режими саҳюнисӣ гуфт: ихроҷи ҷамъи беш аз як миллион нафари ғайринизомӣ нақзи шадиди қавонини байналамллӣ аст ва таҳти ҳеҷ шароите тавҷеҳ намешавад. Иштирокоти инсонии мо хостори таваққуф ин раванд аст.

АмрикоҒаззаИлҳон УмарИсроилқавмӣрежими саҳюнисӣсаҳюнисӣфаластиниҳо
Comments (0)
Add Comment