Оятуллоҳ Хоманаӣ: режими саҳюнистӣ шикасти ҷуброннопазир хӯрдааст!

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ дар маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарӣ суханронӣ кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ дар маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарӣ суханронӣ кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ дар маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарӣ дар бораи амалиёти Тӯфони Ақсо таъкид кард: дар масъалаи ҳаракати ҳамосии Ҳамос, режими ғосибу ишғолгари саҳюнистӣ ҳам аз ҷиҳати низомӣ ва ҳам аз ҷиҳати иттилоотӣ як шикасти ҷуброннопазир хӯрдааст.

Раҳбари инқилоби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва фармондеҳи кулли қуввуҳои мусаллаҳи ин кишвар дар суханронии худ дар рӯзи гузашта дар маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии неруҳои мусаллаҳ, ин нируҳоро дежи амният, иззат ва ҳувияти миллӣ хонда ва бо ишора ба шикасти “ҷуброннопазир”-и режими ишғолгари саҳюнистӣ дар ҳамосаи ахири ҷавонони фаластинӣ, таъкид карданд: омили эҷоди ин тӯфони вайронгар, зулм ва ҷиноят ва дарандасифатии мудовими режими ғосиби ҷаълӣ ва сохтагӣ дар ҳаққи миллати Фаластин будааст ва ин режим наметавонд бо дурӯғгӯӣ ва мазлумнамоӣ, чеҳраи девсифат ва девсирати худро дар ҳамла ба Ғазза ва қатли омми мардуми он пинҳон кунад ва бо ёвагӯӣ, шуҷоати ҷавонони фаластинӣ ва тарроҳии ҳушмандонаи ононро бар ӯҳдаи ғайри фаластиниҳо бигузорад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҳаводиси бесобиқаи ахир дар Фаластин, мавзеъгирии масъулони кишвар дар қиболи ин қазияи муҳими сиёсӣ-низомиро дуруст ва хуб хонд ва бо ишора ба тасриҳи ҳамаи ҷаҳон ба шикасти режими саҳюнистӣ дар ин қазия, таъкид кард: ин шикаст аз абъоди низомӣ ва иттилоотӣ як шикаст ғайриқобили тармим ва ҷуброннопазир ва як зилзилаи вайронгар аст, ки баид аст режими ғосиб бо ҳамаи кумакҳои ғарбиҳо битавонад зарабаҳои амиқи ин ҳодиса ба созаҳои ҳокимиятии худро тармим кунад.

Раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ бо таъкид бар инки режими саҳюнистӣ баъд аз рӯзи шанбе 7-уми октябр, рӯзи ҳамосаи шуҷоъонаи ҷавонони фаластинӣ, дигар режими саҳюнистии пешин нест, афзуд: омили ин балои бузург амалкарди худ саҳюнистҳо аст; чароки вақте шумо дарандасифатӣ ва ваҳшигариро аз ҳад мегузаронед, бояд мунтазири “тӯфон” бошед.

Ишон иқдоми шуҷоъона ва фидокоронаи муҷоҳидони Фаластиниро посух ба ҷиноятҳои солҳои тӯлонии ишғолгарон ва афзоиши он дар моҳҳои ахир донист ва афзуд: муқассири қазияи ахир давлати кунунии ҳоким бар режими ғосибу ишғолгар аст, ки аз ҳеҷ иқдоми ваҳшиёнае дар ҳаққи миллати мазлуми Фаластин дареғ накард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба шарорат ва хабосату палидии режими ишғолгар гуфт: ҳеҷ миллати мусулмони дар таърихи муосир бо душманӣ ба беҳаёӣ ва бераҳмии режими саҳюнистӣ мувоҷеҳ набуда ва ба андозаи ин миллат таҳти фишор ва муҳосира ва камбуд қарор нагирифтааст; зимни инки Амрико ва Англис аз ҳеҷ давлати золиме ба андозаи давлати ҷаълӣ ва сохтагӣ ҳимоят накард.

Ишон куштори зан ва мард ва кӯдак ва куҳансоли фаластинӣ, иҳонату беиҳтиромӣ ба Масҷидулақсо, лагадкӯб кардани намозгузорон ва андохтани шаҳракнишинҳои мусаллаҳ ба ҷони мардуми Фаластинро аз ҷумлаи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ хонд ва савол кард: оё миллати боғайрат ва чандҳазорсолаи Фаластин дар муқобили ин ҳама зулм ва ҷиноят чорае ҷуз барпо кардани “тӯфон” дошт?

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба талоши режими хабис барои мазлумнамоӣ ва кумаки расонаҳои истикбори ҷаҳон барои расондани ин мавзӯъ дар афкори умумии ҷаҳониён, гуфт: ин мазлумнамоӣ “сад дар сад хилофи воқеъ ва дурӯғ” аст ва ҳеҷ кас наметавонад аз ин ҳаюлои девсират, чеҳрае мазлум бисозад.

Раҳбари инқилоб ҳадаф аз мазлумнамоии режими саҳюнистиро тавҷеиҳ ҷиноятҳои ин режим дар ҳамлаҳои ҷорӣ ба Ғазза ва қатли омми мардуми мазлуми ин минтақа донист ва таъкид кард: муҳосибаи режими ҷаълӣ ва ҳомёнаш дар ин масъала ҳам ғалат аст ва сарон ва тасмимгирандагони режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни онҳо бидонанд, ки ин корҳо балои бузургтаре сарашон меоварад ва миллати Фаластин бо азми росихтар, дар вокуниш ба ин ҷиноятҳо, сейлии сангинтаре бар чеҳраи зишти онҳо хоҳад зад.

Ишон дар нуктае муҳим ба ёвагӯиҳои бархе афроди режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни он дар бораи даст доштани ғайри фаластиниҳо аз ҷумла Эрон дар ҳаводиси ахир ишора ва таъкид кард: албатта мо пешонӣ ва бозӯи ҷавонони фаластинӣ ва тарроҳони мудаббир ва ҳушманди фаластиниро мебӯсем ва ба онҳо ифтихор мекунем, аммо ин ёвагӯиҳо иштибоҳ ва ин муҳосибаи ғалат аст ва касоне, ки мегӯянд зарбаи ахири фаластиниҳо ношӣ аз ғайри фаластиниҳо аст, миллати бузурги Фаластинро нашинохтаанд ва дастикам гирифтаанд.

Раҳбари инқилоби ҶИЭ бо ишора ба зарурати аксуламали дунёи Ислом дар муқобили ҷиноятҳои саҳюнистҳо, афзуд: албатта ҳамаи дунёи Ислом муваззаф ба ҳимоят аз миллати Фаластин ҳастанд, аммо ин ҳамоса, кори тарроҳони ҳушманд ва ҷавонон ва фаъолони азҷонгузаштаи фаластинӣ буд ва иншоАллоҳ ин ҳамосаи шуҷоъона гоми бузурге дар роҳи наҷоти фаластиниҳо хоҳад буд.

Фармондеҳи кулли қувои мусаллаҳи ҶИЭ ҳамчунин дар оғози суханонаш дар маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии неруҳои мусаллаҳ, фаъолият дар неруҳои мусаллаҳро ифтихори бузург ва аз ҳаётитарин машғалаҳо дар идора ва мудирияти сарзамини Эрон хонд.

Ишон неруҳои мусаллаҳро дежи пӯлодини амният, иззат ва ҳувияти миллӣ донист ва афзуд: амнияти миллӣ зерсохти ҳамаи нармафзорҳои муҳимме аст, ки дар пешрафти кишвар нақш доранд; ба гунае, ки агар амният набошад, ҳеҷ чизе ҳам вуҷуд нахоҳад дошт.

Раҳбари инқилоби ҶИЭ, маҳрум будани ҳар кишвар аз қудрати дифоъ ва эҷоди амнияти миллиро боиси вобастагӣ ба бегонагон ва ба гаравгон гирифтани иззати миллии он кишвар донист ва афзуд: ба фазли илоҳӣ, неруҳои мусаллаҳи мо аз майдонҳои мухталиф сарафроз берун омадаанд, ки инҳо медалҳои заррин бар синаи ситабри неруҳои мусаллаҳ аст.

Фармондеҳи кулли қувои ҶИЭ, ҷанги таҳмилии ҳаштсоларо ба маънои воқеии калима, ҷанги ҷаҳонӣ хонд ва гуфт: неруҳои мусаллаҳ дар он имтиҳони душвор, аз ваҷаб ба ваҷаби хоки кишвар ва ҳокимияти Исломи муқаддас ва азиз дифоъ ва тавтеаи дастаҷамъии мустакбирони шарқ ва ғарбро дар дифоъ аз Саддоми мутаҷовиз, ботил карданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ фитнаи ДИИШ-ро охирин майдони имтиҳони неруҳои мусаллаҳ то имрӯз донист ва афзуд: Амрико дар нақшае шарурона, ДИИШ-ро эҷод кард, то суботи минтақаро бар ҳам занад; ҳадафи ниҳоии ин тавтеа ҳам Эрони исломӣ буд, аммо неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳамроҳии неруҳои мусаллаҳи чанд кишвари дигар, он фитнаро ҳам ноком гузоштанд.

Фармондеҳи кулли қувои ҶИЭ ҳамчунин донишгоҳҳои афсариро конунҳои арзишманди парвариши неруи инсонии огоҳ, шуҷоъ ва коромад донист ва тақвияти мустамари дониш ва пажӯҳиш, рушд ва иртиқои рӯҳияи диндорӣ ва ахлоқ, сомон додан ба муҳити омӯзиш ва эҳтимом ва таваҷҷӯҳ ба сатҳи саводи вурудиҳои ин донишгоҳҳоро муҳим хонд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ибтидои ин маросим ва пеш аз суханронӣ, ки дар донишгоҳи Имом Алӣ(р) баргузор шуд, бо ҳузур дар маҳалли мазори шаҳидони гумном, зимни қироати сураи Фотиҳа ба мақоми шомиху бузурги шаҳидон адои эҳтиром кард.

АмрикоҒаззаИсроилмуқовимати исломӣОятуллоҳ ХоманаӣРежими саҳюнистӣФаластинҲамосҶИЭҶумҳурии Исломии Эрон
Comments (0)
Add Comment