“Тӯфони Ақсо” ҳаққи мардуми Фаластин аст

Коршиноси қирғиз бо таъкид бар инки “Тӯфони Ақсо” ҳаққи мардуми Фаластин барои доштани зиндагӣ ва адолат аст, гуфт: тасвири шикастнопазирии режими саҳюнистӣ бо вуҷуди таслиҳоти модерн, ҳимояти молӣ, иқтисодӣ ва манобеи инсонӣ тайи чанд соат аз байн рафт.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Қодир Маликов, мудири маркази мустақили таҳлилии дин, ҳуқуқу сиёсат ва муовини собиқ муфтии Қирғизистон гуфт: иқдомоти имрӯзи Фаластин дар воқеъ ҳаққи фаластиниён барои ҳифозат аз худ ва адолат аст.

Маликов қайд кард: барои кулли ҷомеаи байналмилал, рӯйдодҳои Фаластин аз аҳамияти болое бархӯрдор аст. Аз замони зуҳури режими саҳюнистӣ дар соли 1947 то ба имрӯз, беадолатӣ алайҳи мардуми Фаластин ба таври мураттаб дар ин сарзаминҳои ишғолӣ рух медиҳад. Масъалаи Фаластин ба намоди стандартҳои дугона дар равобити байналмилал, беадолатии ҷаҳонӣ, нақзи ҳуқуқи башар, мазоҳири нажодпарастӣ, нақзи қавонини байналмилалӣ ва қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид табдил шудааст.

Вай идома дод: 70 сол аст, ки нақзи систематики ҳуқуқи фаластиниён, таҳқиру беҳурматии намодҳои динӣ, муҳосираи Навори Ғазза, ишғоли замину ихроҷи фаластиниён ва гулӯлаборони мудовими ғайринизомиён вуҷуд доштааст. Ҳамаи ин иқдомот мунҷар ба бунбаст дар ҳалли масъала аз роҳҳои мусолиматомез шуд. Бино бар ин бисёре аз коршиносон ва таҳлилгарони байналмилалӣ интизори бадтар шудани авзоъро доштанд. Дар натиҷаи сиёсати систематику ғайримунсифонаи режими саҳюнистӣ дар баробари фаластиниҳо ба вазъияти ҷангӣ мунҷар шуд.

Ин коршиноси қирғиз тасреҳ кард: ҳангоми изҳори назар дар мавриди вазъияти кунунии Ховари Миёна, тавваҷуҳ ба ин маворид зарурӣ аст. Нахуст онки тасвири шикастнопазирӣ ва фанонопазирии режими саҳюнистӣ мутазалзил шудааст. Сарфи назар аз таҳаввулоти баъдӣ, метавон гуфт, ки ин тасвир аз фанонопазирии ин кишвар дар тайи як то ду соат аз байн рафтааст. Ин муҳим бо вуҷуди таслеҳоти модерн, ҳимояти молӣ, иқтисоди қавӣ ва манобеи инсонии ин кишвар иттифоқ афтод.

Ба гуфта вай, нуктаи қобили тавваҷуҳ ин аст, ки Тӯфони Ақсо дақиқан дар айёми 50-умин соли ҷанги шашрӯза оғоз шуд замоне, ки Сурия, Урдун ва Миср шикаст хӯрданд. Дар ҷараёни ин ҷанг, режими саҳюнистӣ тасаллути худро дар Ховари Миёна тасбит карду бадин тартиб ба манбае барои манофеи фармонравоии ҷаҳонӣ ва бархе кишварҳои ғарбӣ ва Амрико табдил шуд.

Ба гуфтаи Маликов, бисёре аз коршиносон истидлол мекунанд, ки ин давлат аз ҳамон ибтидо маҳкум ба фано буд, зеро бар асоси идеологияи саҳюнистӣ дар маркази ҷаҳони араб сохта шуда буд. Исроил бо қарор гирифтан дар қалби кишварҳои мусулмон ва ҷаҳони араб, маншаи бисёре аз даргириҳову мушкилот дар минтақа талаққӣ мешавад. Гарчи дар тӯли таърих, нигариши мусулмонон ба яҳудият ё яҳудиён ба унвони як миллият ҳамвора мусолиматомез будааст.

Коршиноси қирғиз ёдовар шуд: ислом ҳамвора нажодпарастӣ, насионализм, фашизм ва саҳюнизмро маҳкум мекунад. Ислом ва мусулмонон бештар идеологияи насионалистиро маҳкум мекунанд, ки давлати Исроил бар асоси он сохта шуд ва ба унвони ҳидояткунандаи сиёсатҳои зидди исломӣ амал мекард. Акнун ҷаҳон мумкин аст дар остонаи як ҷанги бузург дар кулли минтақа бошад. Ҷаҳон дар остонаи тағйир аст шояд ҳатто нақшаи сиёсии минтақа.

Вай илова кард: режими саҳюнистӣ дар солҳои ахир талош карда равобити худро бо кишварҳои арабӣ беҳбуд бахшад, аммо дар айни ҳол сиёсатҳои нажодпарастонаи дохилиро дар қиболи фаластиниҳо дунбол карда ва ҳуқуқи онҳоро зери по гузоштааст. Акнун саволи аслӣ ин аст, ки ин кишварҳо ва ба вижа кишварҳои мусулмон аз кадом тараф ҳимоят хоҳанд кард. Чӣ касе дар дифоъ аз Фаластин ва чӣ касе аз Исроил сухан хоҳад гуфт? ин ба як шохис табдил хоҳад шуд. Ва шояд дар оянда мунҷар ба тақсими кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ду бахш шавад.

Коршиноси қирғиз гуфт: мо шоҳиди муҳимтарин раванди таърихие будаем, ки бар кулли низоми сиёсии ҷаҳон таъсир мегузорад. Ончи акнун дар Фаластин рӯй медиҳад барои кулли низоми равобити байнаалмилал ва қабл аз ҳар чиз барои кулли ҷаҳони Ислом аҳамияти зиёде дорад. Мусулмонон дар нуқоти мухталифи ҷаҳон бояд аҳамияти ин рӯйдодҳоро дарк кунанд. Дар қалби ҳар як аз мо бояд майли холисона барои дуо барои Фаластин, барои сокинони он ва барои бозгашти адолат вуҷуд дошта бошад. Аммо ин танҳо вазифаи мусулмонон нест, мардум дар саросари ҷаҳон бояд бидонанд, ки масъалаи Фаластин як масъалаи инсонӣ, равобити инсонӣ ва адолати ҷаҳонӣ аст.

ИсроилҚирғизистонРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment