Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Беларус 40 санади ҳамкорӣ имзо карданд

Дар чорчуби дуввумин ҳамоиши руасои муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Беларус, байни донишгоҳҳои ду кишвар 40 санади ҷадиди ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар чорчуби дуввумин ҳамоиши руасои муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Беларус, байни донишгоҳҳои ду кишвар 40 санади ҷадиди ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ширкаткунандагони ин ҳамоиш ҳамкории муваффақ ва фаъоли Тоҷикистон ва Беларус дар заминаи омӯзиш ва парваришро дар дараҷаи аввал бо шоистагии сарони ду кишвар муртабит донистанд.

Соли гузашта тайи дидори “Эмомалӣ Раҳмон”, ва “Александр Лукашенко”, раисҷумҳури Беларус дар Душанбе байни ду тараф тавофуқоте дар заминаи иқдомоти муштарак дар ҳавзаи омӯзиш, илм ва сиёсати ҷавонон ҳосил шуда буд.

Дар ин ҳамоиш ба бистари хубе барои таомул ва зарфияти мавҷуд барои тавсеаи бештари он ишора шуд.

Дар бахши дигаре, масоили омӯзиши муштараки мутахассисони навовар, табодули барномаҳои омӯзишӣ, табодули таҷриба дар мавриди тарбияти асотид ва заминаҳои умедворкунандаи ҳамкории илмӣ баҳс ва табодули назар сурат гирифт.

Александр ЛукашенкоБеларусТоҷикистон ва Беларус
Comments (0)
Add Comment