Дидори Рустами Эмомлаӣ бо сафири Амрико дар Душанбе

 Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори пойтахт бо Мануэл Микаллер, сафири Амрико дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар дидори раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе бо сафири Амрико, аз раванди густариши равобити дӯстона ва ҳамкорӣ байни ду кишвар ибрози хурсандӣ шуд.

Рустами Эмомалӣ дар ибтидои ин дидор интисоби Микаллер ба унвони сафири Амрико ва оғози маъмурияти дипломатикро ба вай табрик гуфт. Тайи ин дидор аз раванди густариши равобити дӯстонаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Амрико бо хурсандӣ баён шуд, ки Вашингтон аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлол ва ҳокимияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Ҷонибҳо аз раванди густариши равобити дӯстона ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қатори аввалинҳо истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намудааст.
Тайи беш аз сӣ соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳо муколамаҳои мунтазами роҳбарони ду давлат ва машваратҳои сиёсӣ дар қолабҳои гуногун барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба мусоидат намудаанд.
Дар ин раванд, ҳамкории байнипарламентӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои дуҷониба ба шумор рафта, ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ изҳор намуданд.
Дар рафти мулоқот вазъи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои мавриди манфиати тарафайн баррасӣ карда шуда, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, энергетика, равобити фарҳангию гуманитарӣ, бахусус сайёҳӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд.
ДушанбеМаҷлиси миллӣРустами ЭмомалӣСафорати АмрикоТоҷикистоншаҳрдори Душанбе
Comments (0)
Add Comment