ВКХ: дар масъалаи Афғонистон милоки тасмимгириҳо манофеи миллӣ аст!

 Вазорати хориҷа эълон кард, ки манофеи миллӣ милоки тасмимгириҳои кишвар дар масъалаи Афғонистон аст.

Вазорати умури хориҷа дар бораи сабаби ҳимоят накардан аз баёнияи нишасти Казон дар мавриди Афғонистон эълон кард, ки манофеи миллӣ милоки тасмимгириҳои кишвар дар масъалаи Афғонистон аст.

Ниҳоди дипломатики киишварамон зимни эълони ин матлаб аз изҳори назар дар мавриди суханони Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умур Афғонистон, ки пеш аз ин ҷузъиёти раванди музокирот дар мавриди баёнияи ниҳоии нишаст аз ҷумла мавқеи тарафи тоҷик дар мавриди адами ҳимоят аз бархе бахшҳои ин санадро фош карда буд, худдорӣ кард.

Вазорат умури хориҷа танҳо ба дипломати баландпояи рус тавсия кардааст, ки одоби дипломатикро риоят кунад.

Шоёни зикр аст, ки дар нишасти 29-уми сентябр намояндаҳои вижаи вазоратхонаҳои умури хориҷаи 15 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Русия, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат карда ва вазъияти кунунӣ дар Афғонистон, мусолиҳаи байнулафғонӣ, тазмини амнияти минтақаӣ ва бозсозии ин кишвар пас аз ҷангро баррасӣ карданд.

Афғонистонро дар ин нишаст Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи давлати толибон намояндагӣ кард.

Афғонистонвазорати хориҷаВазорати хориҷаи Тоҷикистоннишасти КазонТолибон
Comments (0)
Add Comment