Эрон: Генерал Сулаймонӣ арзандатарин рамзи сулҳи ҷаҳонист

Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иқдоми сиёсии Кумитаи сулҳи Нобел гуфт, арзандатарин рамзи сулҳи ҷаҳонӣ, генерале буд, ки 2 даҳа бо терроризм ва хашинтарин ҷинояткорон мубориза карда барои минтақа ва ҷаҳон амнияту сулҳ овард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, иқдоми Кумитаи сулҳи Нобел барои эҳдои ҷоиза ба яке аз мухолифони Ҷ. И. Эрон вокуниши мақомоти ин кишварро дар пай дошта иқдоми ин кумитаро маҳкум карданд.

Дар ҳамин робита вазири умури хориҷаи Эрон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён дар саҳфаи иҷтимоии Х навишт: Арзандатарин рамзи сулҳи ҷаҳонӣ, генерали фидокоре буд, ки 2 даҳа бо терроризм ва хашинтарин ҷинояткорон мубориза бурда ва амнияти минтақа ва ҷаҳонро таъмин кард.

Вай таъкид кард, ки иштироки даҳҳо миллионии мардуми Эрону Ироқ дар маросими дафни шаҳид Қосим Сулаймонӣ ва ҳамдилии ҷаҳониён, бошукӯҳтарин ва мондагортарин эътои ҷоизаи сулҳ дар таърих буд.

Носири Канъонӣ, Сухангӯи хадамоти дипломатии Эрон ҳам зимни маҳкумияти иқдоми Кумитаи сулҳи Нобел гуфт: шоҳиди он ҳастем, ки Кумитаи сулҳи Нобел, иқдом ба эътои ҷоизаи сулҳ ба шахсе кардааст, ки ба далели нақз мукарраи қонунҳо ва аъмоли муҷримона маҳкум шудааст. Ин иқдомро ҳаракати ғаразнок ва сиёсӣ дониста маҳкум мекунем.

Вай ин иқдоми Кумитаи сулҳи Нобелро ҳалқае аз занҷира фишорҳои ғарбиҳо алайҳи Эрон хонду ёдовар шуд: ин рӯйкарди ғайримаъмул ҳаргиз аз зеҳни озодандешон пок нахоҳад шуд.

Кумитаи сулҳи Нобел рӯзи гузашта эълон кард, ки ҷоизаи соли 2023 худро ба Наргиси Муҳаммадӣ, аз мухолифони Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳдо мекунад. Дабири ин кумита гуфт: ин ҷоиза ба хотири муборизаи Наргиси Муҳаммадӣ алайи “саркӯби занон дар Эрон” ва талоши ӯ дар заминаи “баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқи башар ва озодӣ барои ҳамагон” дод мешавад.

Ин иқдоми сиёсии Кумитаи сулҳи Нобел бо истиқболи режими саҳюнистии яҳуд ва Иттиҳодияи Аврупо рӯбарӯ шудааст.

Мақомоти эронӣ ин иқдомро сиёсӣ ва баҳрабардории абзорӣ бо ҳадафи мудохилаҷуёнаи зидди Эрон ва нишонгари ноумедии душманони Ҷумҳурии Исломӣ аз расидан ба аҳдофашон хондаанд.

Генерал Қосим СулаймонӣҚосим СулаймонӣНобелЭрон
Comments (0)
Add Comment