Амалиёти Тӯфони Ақсо – ваҳшати режими саҳюнистӣ аз муқовимати Фаластин

Амалиёти Тӯфони Ақсо тавассути бахши муқовимати Фаластин оғоз шуд ва бо тарсу ваҳшати мақомоти режими палиди саҳюнистӣ мувоҷеҳ шудааст.

Расонаҳои режими Исроил аз фаъол шудани сомонаи ҳушдори шиллики мушак дар шаҳракҳои атрофи Ғазза ва ҳатто дар маҳдудаи дохили заминҳои ишғолии Фаластин хабар доданд, ки соате баъд фармондеҳи кулли гурдонҳои Иззуддин Қасом аз оғози амалиёти “Тӯфони Ақсо” дар дохили арозии ишғолӣ хабар дод.

Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки теъдоде аз фаластинён аз борикаи Ғазза вориди дохили арозии ишғолӣ шудаанд. Тасовири нашршуда аз атрофи борикаи Ғазза нишон медиҳад, ки худраве аз неруҳои муқовимати Фаластин аз деворе мавҷуд убур карда ва вориди заминҳои ишғолӣ шудааст.

Баъд аз ин амалиёт , Муҳаммад Зайф, фармондеҳи кулли гурдонҳои Иззуддин Қасом, шохаи низомии Ҳамос тайи суханоне аз оғози амалиёти Тӯфони Ақсо хабар дод. Ӯ гуфт, ки замон, замони иттиҳоди муқовимат аст ва ҳар касе, ки силоҳе ба даст дорад, берун биёяд ва алайҳи Исроил даст ба муқовимат бизанад.

Неруҳои муқовимати Фаластин дар амалиёти имрӯзи худ аз асорати низомиёни артиши режими Исроил ва полиси ин режим дар атрофи Ғазза хабар дод. Тасовир нашршуда нишон медиҳад, ки шумораи куштаҳо ва захмиҳои ҳамалоти муқовимат бисёр густарда аст.

Артиши режими Исроил эълон кард, ки муқовимат дар Ғазза 2200 мушак ва ракет ба дохили заминҳои ишғолӣ шиллик кардааст.

Неруҳои муқовимати Фаластин баъд аз вуруд ба заминҳои ишғолӣ як мақарри низомиёни Исроилро ба муҳосира дароварда ва аносири дохили онро ба асорат гирифтанд.

Рӯзномаи арабии вобаста ба саҳюнистҳо ба номи Ҳооретс бо эълони инки шумораи захмиҳои низомиёин Исроил аз марзи 120 тан гузаштааст, гузориш дод: ҳоли бисёре аз онҳо ба шиддат вахим аст.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос гуфт, ки иллати аслии ҷанги имрӯз байн муқовимат ва режими Исроил ҳамалоти ин режим ба Масҷидулақсо ва талош барои таҳмили сайтараи худ бар ин макони муқаддаси исломӣ аст.

Шабакаи 12 телевизиони Исроил бо эълони инки артиши Исроил барои контроли авзоъ бо мушкил мувоҷеҳ шудааст, гуфт, ки авзоъ дар заминҳои ишғолӣ вахим аст. Ҳамчунин Исроил Ҳиум гузориш дод, ки Ҳамос дастикам 5 низомиро ба асорат гирифтааст.

Режими Исроил аз бими кашида шудани таниш ба Қудси ишғолӣ ва ноором шудани ин шаҳр баъд аз амалиёти бесобиқаи муқовимат дар атрофи Ғазза, ки даҳҳо кушта ва захмӣ ва асир дар пай дошта, ҳамаи вурудиҳои ин шаҳрро баст ва тадобири амниятиро афзоиш дод ва теъдоди зиёде бахши бозрасӣ эҷод кард.

Расонаҳои режими Исроил дар ибтидои амалиёти Тӯфони Ақсо муқовимати Ғазза алайҳи ин режим дар атрофи Ғазза, аз Ҳели Берн неруҳои мақовимат хабар дода буданд, ки тасовири нашршуда нишон медиҳад, ки ин неруҳо бо пороглайдер худро ба дохили заминҳои ишғолӣ расондаанд.

 Асорати низомиёни Исроил ба дасти неруҳои муқовимат

Неруҳои муқовимати Фаластин дар амалиёти имрӯзи худ ба номи Тӯфони Ақсо аз асорати низомиёни артиши режими Исроил ва полиси ин режим дар атрофи Ғазза хабар дод. Тасовири нашршуда нишон медиҳад, ки шумораи куштаҳо ва захмиҳои ҳамалоти муқовимат зиёд аст.

Дар амалиёти Тӯфони Ақсо, Ситораи Довуд (ҳилоли аҳмари режими Исроил) теъдоди куштаҳои ин режим дар амалиёти имрӯзи Ҳамосро бисёр тавсиф кард ва гуфт, ки наметавон омори дақиқи ин куштаҳоро эълон кард.

Шабака 12 телевизиони режими саҳюнистӣ эълон кард : масъулини олирутбаи исроилӣ таъкид мекунанд, ки куштори бузурге дар шаҳракҳои атрофи навори Ғазза ба вуқӯъ пайваста ва ҳаҷми талафоти мо бисёр зиёд аст.

Сафҳаи хабаре Интели Таймз наздик ба сервисҳои иттилоотии режими саҳюнистӣ низ гуфт: гурӯҳи Аринуласвад ба неруҳои худ дар Каронаи Бохтарӣ омодабош дода ва ба онҳо дастур дод ба шаҳракинишинон ва мавозеи низомӣ дар ин минтақа ҳамла кунанд.

 Ҳооретс: сервсҳои иттилоотии Исроил аз амалиёти муқовимат ҳайратзада шуданд

Рӯзномаи Ҳооретс дар веб-сайти худ эълон кард, иқдоми ғофилгиронаи Ҳамос алайҳи Исроил, тамоми сервисҳои исроилиро дар ҳайрат фурӯ бурдааст.

Омус Ҳоръил, таҳлилгари аршади рӯзномаи Ҳооретс дар ин бора афзуд: тасовири нашршуда аз қадам задани шумораи зиёде аз муборизони фаластинӣ дар Сидирут, ки тавассути шаҳракнишинон филмбардорӣ шудааст ва даргирии онҳо дар нуқтаҳои мухталифе аз ин шаҳрак ҳамагӣ баёнгари иқдоми ғофилгиронаи Ҳамос алайҳи Исроил аст ва ҳамаи ниҳодҳои иттилоотӣ аз вуқӯъи ин таҳоҷум ғофилгир шудаанд.

 Таваққуфи парвозҳои фурудгоҳи Ибни Гӯриуни Телавив

Тадовуми ҷанг дар Фаластини ишғолӣ ва ҳамалоти мушакии муқовимати Ҳамос ба заминҳои ишғолӣ сабаби таваққуфи парвозҳо дар фурудгоҳи Ибни Гӯриуни Исроил шудааст.

Радио ва телевизионии режими Исроил эълон кард, ки нахуствазир ва вазири ҷанги ин режим ба зудӣ ҷаласаеро барои арзёбии вазъият дар сарзаминҳои ишғолӣ бо мақомоти аршади амниятӣ баргузор хоҳанд кард.

 Вуруди неруҳои муқовимат ба Фаластин аз Ғазза

Радиои артиши Исроил муддаӣ шуд, ки теъдоде аз фаластиниён аз Ғазза вориди дохили заминҳои ишғолӣ шудаанд. Тасовири нашршуда аз атрофи навори Ғазза нишон медиҳад мошине аз неруҳои муқовимати Фаластин аз девор гузашта ва вориди бахшҳои ишғолӣ шудааст.

 Исобати мушак ба Телавив

Неруҳои муқовимати Фаластин бино ба тасовири нашршуда аз дохили заминҳои ишғолӣ, муваффақ шудаанд вориди яке аз шаҳракҳои атрофи Ғазза шаванд. Исроилиҳо таъйид карданд, ки як мушак ба сохтмоне дар шаҳри Телавив исобат кардааст ва дуде аз ин сохтмон баланд шудааст.

 Оғози Тӯфони Ақсо / суханони муҳими Муҳаммад Зайф

Муҳаммад Зайф, фармондеҳи кулли гурдонҳои Иззуддин Қасом, шохаи низомии Ҳамос тайи суханоне аз оғози амалиёти Тӯфони Ақсо хабар дод. Ӯ гуфт, ки замон, замони иттиҳоди муқовимат аст ва ҳар касе, ки силоҳе ба даст дорад, берун биёяд ва алайҳи ишғолгарон муқовимат кунад.

Зайф аз ҳамаи кишварҳои исломӣ ва арабӣ хост ба самти Масҷидулақсо пеш бираванд. Ӯ гуфт, ки замони моҷароҷӯиҳо гузашта ва бояд ишғолгаронро аз Фаластин маҳв кунем.

 Ҳамос «амалиёти таркибӣ»-ро алайҳи мо оғоз кардааст

Расонаҳои расмии режими Исроил гузориш доданд Ҳамос барои аввалин бор амалиёти таркибӣ алайҳ мо оғоз кардааст, ки шомили ҳамлаи мушакӣ ва амалиёти заминӣ ва нуфузӣ аст.

 Эълони вазъияти ҷангӣ дар Фаластин

Ҳортси Ҳолуӣ, раиси ситоди кулли артиши режими саҳюнистӣ ба сурати расмӣ «вазъият ҷангӣ» эълон кард.

Ин дар шароите аст, ки бисёре аз неруҳои артиши Исроил дар таътилоти ид ба сар мебаранд.

Дар пайи оғози амалиёти ғофилгиронаи муқовимати Фаластин Юоу Голонт, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ неруҳои захираи артиши Исроилро фаро хондааст.

 Ҳамлаи артиши режими Исроил ба шарқи борикаи Ғазза

Артиши режими Исроил дар вокуниш ба амалиёти Тӯфони Ақсо муқовимати Ғазза, манотиқе дар атрофи девори байни Ғазза ва Фаластини ишғолиро ҳадаф қарор дод.

Расонаҳои режими Исроил бо интишори тасовири аз фурудгоҳи Ибни Гӯриун (дар Телавив) аз ба садо даромадани садои ҳушдори шиллики мушак дар ин шаҳр, Асқалон, Ашдуд, Қудси ишғолӣ ва Беърус-сабъ хабар доданд.

 Волло: даргирӣ дар “Сидрут” идома дорад

веб-сайти хабарӣ ва таҳлилии Волло тадовуми даргириҳо дар шаҳраки Сидрут хабар дод ва гуфт, ки неруҳои муқовимат дар шаҳраки Уфкем чанд нафарро ба асорат гирифтаанд.

 Дастикам 22 исроилӣ дар амалиёт кушта шуданд

Расонаи ғарбӣ ба нақл аз телевизиони режими саҳюнистӣ хабар дод, ки дар амалиёти Тӯфони Ақсо, неруҳои муқовимат алайҳи ин режим токунун 22 нафар аз сокинони Фаластини ишғолӣ кушта шуданд.

Манобеи расонае ғарбӣ ва режими саҳюнистӣ ба нақл аз манобеи хабарӣ дар Фаластини ишғолӣ хабар доданд, ки талафоти ин режим дар ҳамалоти неруҳои муқовимати Ғазза рӯ ба афзоиш аст.

Хабаргузории Рӯйтерз дар гузорише ба нақл аз канали 12 телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, шумораи талафоти ҳамалоти мушакӣ ва ракетии Ҳамос ба 22 кушта ва беш аз 500 захмӣ афзоиш ёфтааст.

ҒаззаИззуддин ҚасомИсроилМуқовиматмуқовимати ФаластинРежими саҳюнистӣТӯфони АқсоФаластин
Comments (0)
Add Comment