Зилзилаи сиёсӣ дар Амрико – паёмадҳои барканории Мак Кортӣ

Бо барканории Мак Кортӣ аз вазифаи раёсати Маҷлиси намояндагони Амрико, ин кишвар дучори зилзилаи сиёсӣ шуда ва ихтилофҳо шуълавар шудааст.

Бархе аз коршиносон барканории раиси Маҷлиси намояндагони Амрикоро ба зилзилае дар сохтор ва низоми сиёсии ин кишвар монанд карданд, ки паёмадҳои он дар оянда бештар худро нишон медиҳад.

Рӯзи сешанбе дар Маҷлиси намояндагони Амрико рӯйдоде иттифоқ афтод, ки бархе аз расонаҳои ҷаҳон аз он ба унвони «зилзилаи сиёсӣ» ёд карданд ва метавонад паёмадҳои зиёде бар арсаи сиёсати ин кишвар дошта бошад.

Қонунгузорони Маҷлиси намояндагони Амрико  бо 216 раъйи мувофиқ дар баробари 210 раъйи мухолиф, ба тарҳе раъй доданд, ки сабаби барканории Куин Мак Кортӣ, раиси ҷумҳурихоҳи ин маҷлис шуд. Мувофиқон ва мухолифон тарҳи барканории Мак Кортӣ пеш аз раъйгирӣ ба муддати 1 соат дар саҳни маҷлис дар бораи далелҳои мондан ё барканории Ӯ аз мансабаш суханронӣ карданд.

Ҷумҳурихоҳон бо 222 намоянда дар баробари 213 намояндаи демократ, аксарияти шиканандаи Маҷлиси намояндагонро дар ихтиёр доранд; ончи сабаби барканории Мак Кортии ҷумҳурихоҳ шуд, ин буд, ки ҳашт намояндаи ҷумҳурихоҳ, ки ба онҳо «аносири тундрав» гуфта мешавад дар канори 208 намояндаи демократ раъй ба барканории Мак Кортӣ доданд.

Барканории Мак Кортӣ аз он ҷиҳат бисёр муҳим аст, ки ин барои нахустин бор дар таърихи Амрикост, ки қонунгузорон раъй ба барканории раиси ин маҷлис медиҳанд. Дар соли 2015 ҳам Ҷон Бинер, раиси вақти Маҷлиси намояндагони Амрико  ҳам истезоҳ шуд, аммо тавонист раъй эътимод кофиро касб кунад ва дар симати худ боқӣ бимонад. Қабл аз он низ дар соли 1910 раиси Маҷлиси намояндагони Амрико истезоҳ шуд, истезоҳе, ки дар ниҳоят сабаби барканории ӯ нашуд.

Тасмим ба анҷоми ин раъйгирии таърихӣ дақиқан чанд рӯз пас аз он гирифта шуд, ки Мак Кортӣ ҳамроҳ бо намояндагони демократ талош карданд, то будҷаи муваққат дар Маҷлиси намояндагон тасвиб шавад ва давлати Байден таътил нашавад.

Маҷлиси намояндагони Амрико рӯз шанбе танҳо чанд соат монда ба поёни соли молии кунунӣ, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз таътилии давлат маҷбӯр ба тасвиби як лоиҳа будҷаи муваққати молӣ барои 47 рӯзи оянда шуданд; тарҳе, ки гуфта мешавад Мак Кортӣ дар тасвиби он нақши асосӣ дошт ва пас аз тасвиб дар Маҷлиси сано, бо имзои Ҷо Байден дар ҷойгоҳи раисҷумҳур, раванди иҷрои он шурӯъ шуд.

 Чаро Мак Кортӣ барканор шуд?

Куин Мак Кортии 58 сола каме пас аз барканорӣ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: «ман барои ҷилавгирӣ аз таътилии давлат ба хотири мардуми Амрико хатар кардам ва алон аз худам розӣ ҳастам.»

Ҷумҳурихоҳон тундрав Мак Кортиро муттаҳам мекунанд, ки дар изои тасвиби будҷа ба нафъи давлати Байден ва демократҳо, имтиёзи чандоне дарёфт накардааст; вай дар ин бора тавзеҳ дод, ки бо демократҳо ва давлати Байден кор карда, то кишварро рӯ ба ҷилав нигаҳ дорад. Мак Кортӣ муддаӣ шуд, ки «ман нахостам манофеи худро бар манофеи миллат тарҷеҳ диҳам, аз тамоми талошҳое, ки қабл аз барканорӣ доштам, пушаймон нестам.»

Пас аз барканории таърихии Мак Кортӣ, намояндагони Маҷлиси Амрико барои интихоби раиси ҷадид бояд дубора раъйгирӣ кунанд ва аз байни номзадҳое, ки барои раёсати Маҷлиси намояндагон эълони омодагӣ кардаанд, якеро интихоб кунанд.

 Шароит пас аз барканории Мак Кортӣ

Қонунгузорони Маҷлиси намояндагони Амрико фавран пас аз барканории Мак Кортӣ, Потрик Мак Ҳенрии ҷумҳурихоҳро ба унвони раиси муваққати Маҷлиси намояндагон интихоб карданд. Мак Ҳенрӣ аз муттаҳидони Мак Кортӣ аст ва муддати кӯтоҳе метавонад раиси муваққати Маҷлиси намояндагони Амрико бошад, ниҳоят то 3 ҷаласа қонунии Маҷлиси намояндагон. Тибқи қавонини дохилии Маҷлиси намояндагони Амрико вазоифи раиси ба равшанӣ баён нашуда ва мубҳам аст ва ба дурустӣ маълум нест, ки оё раиси муваққати маҷлис ихтиёроти комиле дорад ё фақат бояд умури идорӣ ва назорат бар интихоботи ҷадиди дохилии анҷом диҳад. Муқаррарот намегӯяд, ки раиси муваққат то чӣ замоне метавонад дар ин мақом боқӣ бимонад, ё интихоботи ҷадид чӣ замоне баргузор мешавад.

Кили Ормострунг, аз намояндагони ҷумҳурихоҳ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт кори аслии Мак Ҳенрӣ ба унвони раиси муваққати Маҷлиси намояндагон ин аст, ки «ба мо як раиси маҷлиси ҷадид бидиҳад.» Ҳар нақше фаротар аз он лозимаи барканории Мак Ҳенрӣ аз нақши кунуниаш аст.

 Оё будҷаи муваққати давлат таълиқ мешавад?

Раъй ба барканории Мак Кортӣ танҳо чанд рӯз пас аз он сурат гирифт, ки Маҷлиси намояндагон ба сахтӣ аз таътилии давлат худдорӣ кард. Барканории Мак Кортӣ ба адами итминони мудовим дар бораи ҳазинаҳои давлат, аз ҷумла миллиардҳо доллар кумак ба Украина ва соири ниёзҳои байналмилалӣ меафзояд. То замоне, ки раиси ҷадид мансуб нашавад, баид аст, ки иқдомоти бештаре дар бораи будҷаи муваққати давлат анҷом шавад, зеро қонунгузорон бо муҳлати фарӣ то 17 ноябр (замони ба поён расидани будҷаи муваққати давлат) барои таъмини пули бештар ё таътилии ҷузии давлат мувоҷеҳ ҳастанд.

Даргирӣ ва ҷидол бар сари тасвиби тарҳи будҷаи муваққати давлат ва ҳамчунин хашми ҷумҳурихоҳони тундрав аз шикасти Мак Кортӣ дар ба даст овардани коҳиши шадиди ҳазинаҳои давлат, ки муҳофизакорони ростгарои тундрав ба думболи он буданд, боис шуд то Мат Готз, намояндаи ҷумҳурихоҳ тарҳи барканории Мак Кортиро ироа диҳад ва муваффақ шавад ӯро барканор кунад.

Маҷлиси намояндагони Амрико пас аз барканории раиси худ ҳамакунун дар лаҳзаи бесобиқа қарор дорад ва мушаххас нест, ки раъйгирӣ барои интихоби раиси ҷадид дақиқан чӣ замоне баргузор мешавад. Ба таври маъмул, интихобот барои раиси Маҷлиси намояндагон дар оғози Конгресси ҷадид ва ҳар ду сол як бор ва пас аз интихоботи саросарии Конгрес баргузор мешавад.

 Дарди сарҳои интихоби раиси ҷадид

Раҳбарони ҳар ду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ бояд тасмим бигиранд, ки чӣ замоне омодаи вуруд ба раванди интихоби раиси ҷадиди Маҷлиси намояндагон ҳастанд. Маҷлиси намояндагони Амрико дар моҳи январ пас аз 4 рӯзу 15 давр раъйгирӣ, саранҷом муваффақ шуд Куин Мак Кортии ҷумҳурихоҳро ба унвони раиси ин маҷлис интихоб кунад. Мак Кортӣ бо касби 216 раъй аз 428 раъй ба раёсати Маҷлиси намояндагони Амрико интихоб шуд ва рақиби ӯ Ҳаким Ҷефрез, раҳбари ақаллияти демократҳо дар Маҷлиси намояндагон 202 раъй касб кард.

Мак Кортӣ, раҳбари ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси намояндагон, ки болотарин шанс ба ӯҳда гирифтан раёсати ин маҷлисро дошт, дар чаҳордаҳ даври раъйгирӣ натавонист ҳадди нисоби лозимро ба даст оварад.

Бо барканории Мак Кортӣ, интихоби раиси ҷадиди Маҷлиси намояндагони Амрико раванди соддае нахоҳад дошт, ба вижа барои ҷумҳурихоҳон, магар инки ба ин натиҷа бирасанд, ки чунин нобасомониҳо боиси вокуниши афкори умумӣ мешавад ва метавонад чашмандози интихоботи онҳоро дар соли 2024 нобуд кунад ва ба ҳамин сабаб барои интихоби раиси ҷадид бар сар яки гузина ба тавофуқ бирасанд.

 Трамп дар ҷойгоҳи қонунгузорӣ?

Пас аз барканории Мак Кортӣ, бархе аз намояндагони ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрикоро, ки ҳамакунун бо парвандаҳои сангини қазоӣ рӯбарӯст барои раёсати Маҷлиси намояндагони ин кишвар пешниҳод доданд. Ҳатто Терой Нилз эълом кард, ки «тай рӯзҳои оянда, ки Маҷлиси намояндагон дубора ташкили ҷаласа бидиҳд, нахустин кори ман эълони номзадии Доналд Трамп ба унвони раиси ҷадиди Маҷлиси намояндагон аст. Трамп олитарин раисҷумҳури даврони зиндагии ман, собиқаи исботшуда аз думбол кардани сиёсати «аввали Амрико» дорад ва дубора азаматро ба ин маҷлис бозмегардонад.»

Тибқи Сарқонуни Амрико, раиси Маҷлиси намояндагон ҳатман набояд узви Конгрес бошад. Ба ҳамин далел аст, ки бархе аз ҷумҳурихоҳон номи Трампро барои ин ҷойгоҳ матраҳ кардаанд, агарчи Трамп пеш аз ин гуфта, ки алоқае ба раёсати Маҷлиси намояндагон надорад ва қасд дорад дар интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурӣ номзад шавад. Албатта токунун ҳамаи руасои Маҷлиси намояндагони худ намояндаи ин маҷлис ҳам будаанд.

Фарҷоми сухан

Рӯз сешанбе қонунгузорони Маҷлиси намояндагони Амрико раъй ба барканории раиси худ доданд; ин барканорӣ анҷоми як равияи маъмули идорӣ ва қонунӣ набуд, балки рӯйдоде буд, ки дар таърихи Амрико бесобиқа аст ва ба гуфтаи бисёре аз мақомоти Амрико ин рӯйдод нишонаи ошуфтагӣ дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва ихтилол дар равандҳои маъмули Маҷлиси намояндагон ба унвони яке аз шохаҳои қонунгузории Амрико ва дар сатҳе болотар нишонаи ошуфтагӣ дар сохтори сиёсии ин кишвар аст.

Бархе коршиносон, дар таҳлилҳои фаврии Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико ва аз мунтақидони аслии Ҷо Байден, раисҷумҳури кунунии ин кишварро дар ин барканорӣ бетаъсир намедонанд, чароки гуфта мешавад Мат готз, ҳамон шахси ироадиҳандаи тарҳи барканории Мак Кортӣ, равобити наздике бо Трамп дорад. Пас аз барканории Мак Кортӣ, Трамп дар сафҳаи шахсии худ дар фазои маҷозӣ навишт: «чаро ҷумҳурихоҳон ҳамвора дар ҳоли ҷанг бо худашон ҳастанд, чаро бо демократҳои ифротӣ, ки кишвари моро вайрон мекунанд, мубориза намекунанд?»

Аммо Мак Кортӣ қурбонии раванде шуд, ки худ поягузори он аст; зеро январи гузашта бисёре аз ҷумҳурихоҳони тундрав мухолифи раёсати Ӯ буданд ва Ӯ пас аз 14 давр раъйгирӣ дар ниҳоят ба онҳо ваъда дод, ки қавонин ва оинномаҳои дохилии Маҷлиси намояндагонро тавре тағйир медиҳад, ки ҳатто як намоянда ҳам битавонад тарҳи барканорӣ ва истезоҳи раиси Маҷлиси намояндагонро матраҳ кунад ва танзи моҷаро аст, ки ҳамакунун худи Ӯ нахустин қурбонии ин равияи ҷадид аст ва Мат Готз бо ироаи тарҳи барканории Мак Кортӣ муваффақ шуд дар ниҳоят ӯро барканор кунад.

Мак Кортӣ пас аз барканорӣ гуфт, ки «як мушкили воқеӣ вуҷуд дорад, агар фақат чаҳор нафар битавонанд шуморо аз вазифа ихроҷ кунанд, ба раиси маҷлиси баъдӣ тавсия мекунам қавонинро тағйир диҳад.» Майк Лолр, намояндаи ҷумҳурихоҳ ҳам ҳангоми хурӯҷ аз ҷаласаи ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфт: мо ҳашт аҳмақи худхоҳ дорем, ки ташкилот ва ҳизбро тазъиф мекунанд ва фикр мекунам ин иштибоҳ аст. Фикр мекунам Куин (Мак Кортӣ) мутмаиннан лаёқати инро надошт.

Раёсати Маҷлиси намояндагон севумин ҷойгоҳи муҳимм дар низоми сиёсии Амрико пас аз мансабҳои раисҷумҳур ва муовини раисҷумҳур аст ва ҳамакунун бо равияи ҷадид, ки худи Мак Кортӣ поягузори он буд, пешбинӣ мешавад, ки ҳам Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба унвони ҳизби аксарият дар интихоби номзади ниҳоӣ барои раёсати Маҷлиси намояндагон мушкилоти ҷиддӣ хоҳад дошт ва ҳам ҷойгоҳи раиси Маҷлиси намояндагон суботи худро аз даст дода ва дучори нопойдорӣ шудааст. Ба ҳамин далел эҳтимолан дар ҳафтаҳои оянда бо як ошуфтагии бештар дар интихоби раиси Маҷлиси намояндагони Амрико рӯбарӯ хоҳем буд.

Байденбудҷаи АмрикоКонгресси АмрикоМак КортӣМаҷлиси намояндагони АмрикоТрамп
Comments (0)
Add Comment