Ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” + тасовир

Ёздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе" бо ҳузури мақомот, шахсиятҳои адабӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва ҳамчунин сафирони кишварҳои хориҷӣ ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар маросими ифтитоҳи ёздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе”, ки дар маҳалли осорхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, “Моҳиддини Панҷшанбезода” дастёри раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва равобити умумӣ ва “Давлат Сафр” муовини вазири фарҳанги суханронӣ ва бар аҳамияти баргузории намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” дар тарвиҷи фарҳанги китобхонӣ, афзоиши ғинои маънавӣ дар ҷомеа, тавсеаи равобити фарҳангӣ ва ҳамчунин иртиқои сатҳи таомулот миёни ноширони кишварҳои мухталиф таъкид карданд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ба муносибати эълом шудани соли 2023 ба унвони соли забони русӣ дар кишварҳои мустақили ҳамсуд, ҳайати ноширони Русия дар ин намоишгоҳ ба унвони меҳмони ифтихорӣ ширкат доранд.

Ҳамчунин эълом шуд, ки вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифтааст ҳамасола барои ширкат дар ин намоишгоҳ ба унвони меҳмони ифтихорӣ аз ноширони яке аз кишварҳои дӯст даъват хоҳад кард.

Дар ин намоишгоҳ дар радифи ҳудуди 20 ношири тоҷик, ҳамчунин ношироне аз кишварҳои Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Беларус, Узбакистон, Туркманистон, Ҳинд ва Туркия осори адабӣ ва илмии тозаи интишорёфтаи худро ба намоиш гузоштанд.

Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ва ҷамъе аз сафирони кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла баргузор шуд.

Шоён зикр аст, ки дар ин намоишгоҳ, хонаи китоб ва адабиёти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо арзаи 800 унвон китоб дар мавзӯъоти мухталиф ва аз ҷумла адабиёти классик ва муосир, шеър, достон ва китобҳои муртабит бо Паёмбари Аъзам (с) ширкат дорад, ки мавриди истиқболи гарми боздидкунндагон қарор гирифт.

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ ширкат ва аз ғурфаҳои он боздид кард.

Қарор аст дар чорчуби ин намоишгоҳ як ҳамоиши илмӣ бо ҳузури донишмандон, муҳаққиқон ва ноширони кишварҳои ширкаткунанда доир шуда ва ҳамчунин меҳмонон аз марокизи илмӣ, фарҳангӣ ва донишгоҳии Тоҷикистон боздид кунанд.

ДушанбеКитоби ДушанбеРусияТоҷикистонУзбакистонҶумҳурии Исломии Эрон
Comments (0)
Add Comment