Дидори Рустами Эмомалӣ бо муовини нахуствазири Русия

Муовини нахуствазири Русия дар чорчӯби сафари корӣ ба Тоҷикистон бо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори пойтахт дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар дидори Рустами Эмомалӣ бо муовини нахуствазири Русия тақвияти ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, санъатӣ, кишоварзӣ, ҷазби сармоягузорӣ, навоварӣ ва фановариҳои ҷадид баррасӣ шуд.

Марат хуснулин, муовини нахуствазири Русия дар чорчӯби сафари корӣ ба Тоҷикистон бо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори пойтахт дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ибтидои ин дидор, ду тараф аз вазъияти кунунии равобити дуҷониба, нигариш ва сатҳи ҳамкориҳое чандҷониба байни Тоҷикистон ва Русия, ки ба лутфи талошҳои сарони ду кишвар ба таври пайваста дар ҳоли тавсеа аст, ибрози хурсандӣ карданд.

Таъкид шуд, ки байни ду кишвар дар заминаҳои мухталифе таомули пойдори эҷод, равобити байналмилалӣ ва биниминатақаӣ дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи Ҳамсуд, Созмони Ҳамкории Шангхай, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳоли густариш аст.

Дар ин росто, нақши равобити байнипарлумонӣ ба унвони яке аз шохаҳои муҳими равобит байни Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ шуд.

Ду тараф дар бахши дигари гуфтугӯ, масоили тавсеа ва тақвияти равобит дар заминаи иқтисод, аз ҷумла иқтисоди диҷитол, ҷазби сармоягузорӣ, навоварӣ ва фановариҳои ҷадид, санъат, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаро баррасӣ карда ва бар нақши калидии комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар дар ин фароянд, таъкид карданд.

Зимни сӯҳбат дар мавриди густариши равобити байни минтақаӣ бар ҳамкории фаъоли тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фаннӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Маскав, Санкт-петербург ва дигар манотиқи Русия ва ҳамчунин алоқаи шаҳрдори Душанбе барои тавсеаи мудовими ҳамкории чандҷониба байни пойтахтҳои ду кишвар дар заминаи мавзӯъоти мавриди алоқаи ҳар ду тараф, таъкид шуд.

ДушанбеРусияРустами ЭмомалӣТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment