Имзои чандин созишномаи тиҷорӣ байни Тоҷикистону Беларус

Ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, таъмини ғизо ва ҳамчунин омода кардани кадрҳо барои комплекси агросаноатиро баррасӣ карданд.

Ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, таъмини ғизо ва ҳамчунин омода кардани кадрҳо барои комплекси агросаноатиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши манбаъ:

Дар Душанбе нишасти доираҳои бозаргонии Тоҷикистону Беларус баргузор шуд, ки ба масоили тиҷоративу иқтисодӣ бахшида шуд, хабар дод, агентии Ховар.

Ба ин тартиб, ба навиштаи нашрия, ҷонибҳо ба маблағи беш аз 16 млн доллар қарордод имзо кардаанд.

Комиссияҳои ҳар ду мамлакат масъалаҳои ҳамкориро дар як қатор соҳаҳо: саноат, тайёр кардани кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, хоҷагии қишлоқ, таъминоти озуқаворӣ муҳокима карданд.

Гуфта мешавад, ки ҷаласа таҳти раёсати вазирони кишоварзии Тоҷикистону Беларус Қурбон Ҳакимзода ва Сергей Бартош баргузор шуд.

Вазири тоҷик зимни ифтитоҳи ҷаласа аз афзоиши шоистаи ҳаҷми муомилоти мутақобила миёни Душанбе ва Минск хабар дод.

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 гардиши мол ҳудуди 90 млн долларро ташкил додааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Мақомоти шаҳри Минск ва Душанбе баргузории рӯзҳои Минск дар пойтахти Тоҷикистон ва рӯзҳои Душанбе дар пойтахти Белорус”, баррасӣ намуданд.

Мулоқоти муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Надежда Лазаревич бо муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ахиран дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин бора хабаргузории “Минск-Новости” дар истинод ба шаҳрдории Минск хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду шаҳрро баррасӣ карданд.

“Аз ҷумла, масъалаҳои ифтитоҳи дӯконҳои маҳсулоти белорусӣ дар Душанбе, баргузории рӯзҳои Минск дар пойтахти Тоҷикистон ва рӯзҳои Душанбе дар пойтахти Белорус”, баррасӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта миёни Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ барои солҳои 2023-2024 ба имзо расида буд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус дар дидор бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфта буд, ки Душанбею Минск зарфияти зиёди истифоданашуда дар самти додугирифти молро доранд ва ҳамчунин метавонанд аз тариқи қаламрави ҳамдигар ба бозори кишварҳои сеюм роҳ ёбанд.

Лукашенко гуфт, кишвараш молҳои зиёде дорад, ки Тоҷикистон ба он ниёз дорад.

Президент қайд кард:

“Мо маҳсулоти шуморо, ки барои содирот омода ҳастед, бо майли зиёд мехарем: ин пахта, металл ва маҳсулоти кишоварзӣ аст. Ва шумо ба харидани молҳои тавлидкардаи мо – аз ғизо, сару либос, мошину таҷҳизот, лифтҳо, автобусҳо, троллейбусҳо манфиатдоред”.

 

БеларустиҷоратТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment