Инфиҷори даҳшатнок дар наздикии фурудгоҳи Тошканд + акс

Вуқӯъи инфиҷори даҳшатнок дар анбори гумруки фурудгоҳи Тошканд, мунҷар ба оташсӯзии густурда, хисорати моддии боло ва захмӣ шудани теъдоде аз мардум шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, расонаҳои маҳаллӣ бомдоди имрӯз панҷшанбе аз вуқӯъи инфиҷори даҳшатнок дар анбори гумруки фурудгоҳи Тошканд, пойтахти Узбакистон хабар доданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, шиддати инфиҷор ба ҳадде буд, ки шишаи панҷараҳои хонаҳои атроф шикаста шуда ва оташ минтақаи васееро дар бар гирифтааст ва 16 маркази оташнишонӣ барои хомушкардани он эъзом шудаанд.

Токунун гузориши дақиқе аз талафоти эҳтимолии ин ҳодиса дар даст нест, аммо гуфта мешавад теъдоди зиёде бар асари ин инфиҷор захмӣ ва ба бемористон мунтақил шудаанд.

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, як мақом дар вазорати кишвари Узбакистон мегӯяд, ки бар асоси иттилооти аввалия, бархурди соиқа ба анбори бо масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ дар фурудгоҳи Тошканд боиси ин инфиҷор шудааст.

Тибқи гузоришҳои аввалия бар асоси гуфтаҳои шоҳидон дар маҳал, оташ феълан ғайриқобили маҳор аст, ҳаҷми хисороти модди бисёр боло баровард мешавад ва эҳтимоли вуҷуди талафот дар ин инфиҷор низ вуҷуд дорад.

Дақоиқе баъд, вазорати вазъияти изтирории Узбакистон гузоришҳои мунташир шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мабни бар суқути ҳавопаймо, ки мунҷар ба инфиҷори шадид ва оташсӯзӣ дар фурудгоҳи Тошканд шударо такзиб кард.

Гуфта мешавад, ки анбори ҳодисадида мутааллиқ ба ширкати “Интер логистик” буда, ки ба таври комил вайрон шуда ва тасовири қабл аз инфиҷор нишон медиҳад, ки дар он теъдоди зиёде мошинҳои барқӣ нигаҳдорӣ мешуд.

даҳшатнокТошкандУзбакистон
Comments (0)
Add Comment