Наметавон манофеи Русия дар Қафқози Ҷанубиро нодида гирифт

Вазири умури хориҷаи Русия рӯзи чоршанбе дар ин бора, ки оё Арманистон метавонад аз Маскав фосила бигирад гуфт, ки наметавон манофеи Русия дар Қафқози Ҷанубиро нодида гирифт.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Сергей Лавров, вазири умури Русия рӯзи чоршанбе гуфт, ки наметавон манофеи Русия дар Қафқози Ҷанубиро нодида гирифт.

Вазири умури хориҷаи Русия дар посух ба суоле дар ин бора, ки оё Арманистон метавонад аз Русия фосила бигирад, гуфт: “Ба сурати таърихӣ, ҷуғрофиёӣ ва геополитикӣ аз даст додани Русия ба маънои нодида гирифтани комили манофеи он дар Қафқози Ҷанубӣ ғайримумкин аст.

Вазири умури хориҷаи Русия изофа кард: “Аммо чунин умедҳое тавассути бархе сарон дар Ереван парвариш дода шуда ва ин мавзӯъро ба таври мустақим низ матраҳ кардаанд.”

Нахусти вазири Арманистон ахиран гуфта буд, ки ин кишвар бояд дар бораи иттиҳод бо кишварҳое, ки дар кумак ба амнияти ин кишвар шикаст хӯрданд, таҷдиди назар кунад.

Вазири умури хориҷаи Русия пештар низ дар суханоне бо ҳушдор ба сарони Арманистон гуфта буд, ки сарнавишти ҳампаймонони Амрикоро ба ёд биоваранд.

Дар шароите, ки эътирозоти дохилӣ дар Арманистон алайҳи Никол Пашинян, нахуствазири ин кишвар боз ҳам хабарсоз шудааст, ӯ ахирани бори дигар алайҳи Русия мавзеъгирӣ кардааст.

Рӯзномаи “Киев Пост” гузорише дар бораи суханони телевизионии рӯзи якшанбеи Пашинян нашр карду навишт: “Нахуствазири Арманистон паёми тағйири сиёсати хориҷӣ ва дур шудан аз Русияро нишон медиҳад.”

Ба ривояти ин расона украинӣ, Пашинян дар ин суханронӣ бо задани як таънаи мубҳаму тунд алайҳи Русия, ки муттаҳиди қадимии Арманистон аст, созу корҳои амниятии хориҷии кунунии кишварашро “нокоромад” хонд.

АрманистонҚафқози ҷанубӣРусия
Comments (0)
Add Comment