Самарқанд пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2025

Вазорати фарҳанги Узбакистон эълом кард шаҳри "Самарқанд" ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2025 интихоб шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ дар Бишкек, вазорати фарҳанги Узбакистон эълом кард шаҳри “Самарқанд” ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2025 интихоб шуд.

Дар ин сол мероси фарҳангӣ яке аз қадимитарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ беш аз пеш дар ҷаҳони Ислом муаррифӣ хоҳад шуд.

Вазъияти ҷадиди ин шаҳр дар давоздаҳумин конфронси вузарои фарҳанги ҷаҳони Ислом, ки дар “Қатар” баргузор шуд, ба тасвиб расид.

Раиси ҳайати Узбакистон дар ин сафар “Озодбек Назирбеков» вазири фарҳанги ин кишвар буд.

Вай гуфт: ин мавқеият ба мо ин фурсатро медиҳад то як бори дигар мероси фарҳангии худро ба ҷаҳониён нишон диҳем.

Пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2024 шаҳри “Шуша” дар минтақаи Қарабоғи Озарбойҷон хоҳад буд.

Ҳамчунин, ширкат кунандагон дар конфронси “Ба сӯи таҷдиди фаъолиятҳои фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом” дар мавриди мавзӯъоти дигаре аз ҷумла мубориза бо қочоқи амволи фарҳангӣ баҳс ва табодули назар карданд.

исломСамарқандУзбакистонҶаҳони Ислом
Comments (0)
Add Comment