Душанбе мизбони Шӯрои бозаргонии Тоҷикистону Беларус

Утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон аз баргузории Шӯрои бозаргонии кишвар ва Беларус дар шаҳри Душанбе, хабар дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ба мизбонии Тоҷикистон 28 сентябр дар шаҳри Душанбе Шӯрои бозаргонии кишвар ва Беларус, баргузор мешавад.

Шӯрои бозаргонӣ як ниҳоди ҳамоҳангкунанда ва машваратӣ буда ва ҳадаф аз он афзоиши асарбахшии равобити тиҷорӣ байни созмонҳо ва анҷуманҳои Тоҷикистон ва Беларус ва ҳамчунин шиносоӣ ва рафъи мавонеи бар сарироҳи густариши дуҷониба ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, ба шумор меравад.

Дар ин нишаст масоили ҷории ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷониба ва муаррифии ширкатҳои беларусӣ пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, ширкаткунандагон ин фурсатро хоҳанд дошт то музокироти ҳузурӣ бо шарикони Беларусии худ анҷом диҳанд.

Дар чорчуби нишасти оянда ҳамчунин имзои чандин санади дуҷонибаи ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф пешбинӣ шудааст.

БеларусДушанбеТоҷикистонТоҷикистон ва Беларус
Comments (0)
Add Comment