38-умин ҳафтаи эътирозӣ ба тарҳи Нетонёҳу

Эътирозҳои шаҳракнишинони саҳюнист ба ислоҳоти қазоии Нетонёҳу ва баргузории тазоҳурот дар заминҳои ишғолӣ идома дорад.

Шаҳракнишинони саҳюнист барои 38-умин ҳафтам паёпай дар вокуниш ба ислоҳотм қазоие Нетонёҳу даст ба эътироз ва баргузории тазоҳурот дар заминҳо ишғолӣ заданд.

Бар асоси ин гузориш, шаҳракнишинони саҳюнист барои 38-умин ҳафтаи паёпай дар эътироз ба тарҳи ислоҳоти қазоии Нетонёҳу даст ба тазоҳурот заданд ва ба хиёбонҳо рехтанд.

Ҳооретс гузориш дод, ки саҳюнистҳои мӯътариз ба тарҳи ислоҳоти қазоии Нетонёҳу дар Телавив дар ҳоли тазоҳурот ҳастанд.

Гуфтанӣ аст, ки рӯзи ҷумъа ҳам дар ҳоле, ки Нетонёҳу дар Созмони Милал ҳузур дошт, ҳазорон саҳюнист ва амрикоӣ бо ҳузур муқобили сохтмони ин созмони байналмилалӣ дар Нию-Йорк ва бо дар даст доштани шиорҳои эътирозӣ, алайҳи Нетонёҳу шиор доданд ва фарёд заданд.

Тасвиби бахши муҳиме аз лоиҳаи ислоҳоти қазоии Нетонёҳу мавсум ба лағви бурҳони адами маъқулият аз сӯи Кнессети режими саҳюнистӣ бар доманаи эътирозҳо дар заминҳои ишғолӣ афзуда ва ин эътирозҳо ба бисёре аз бахшҳои низомии ин режим низ расида ва бо тарки хидмати бархе низомиёни артиши режими саҳюнистӣ ҳамроҳ будааст; масъалае, ки ба изъони саҳюнистҳо метавонад, таъсирҳои манфии бисёреро бар артиши ин режим бар ҷой бигузорад.

Кобинаи иътилофи Нетонёҳу, ки шомили аҳзоби яҳуди итундрави рост ва ифротии Уртудукс аст, далел меоварад, ки ислоҳот барои эҷоди таодули муҷаддад дар робита байни мақомоти мунтахаби саҳюнист ва дастгоҳи қазоии режими саҳюнистӣ зарурӣ аст ва ҳозир ба ақибнишинӣ дар баробари мухолифон нест.

Мухолифони Нетонёҳу, ки ҷамъияти зиёде аз саҳюнистҳоро шомил мешаванд, барномаи ӯ барои тағйири қавонини қазоиро кудатои қазоӣ меноманд. Нетонёҳу тарҳеро ба Кнессет (парлумони режими палиди саҳюнистӣ) ироа додааст, ки бар мабнои он назорати девони олӣ бар амалкарди намояндагон, нахуствазир ва аъзои кобинаи режими саҳюнистӣ ҳазф хоҳад шуд. Мӯътаризони саҳюнист ин тарҳро боиси нобасомонӣ медонанд ва мӯътақиданд бо иҷрои ин тарҳ кобинаи Нетонёҳу қодир хоҳад буд, ки ҳар кореро бидуни назорати додгоҳи олии режими саҳюнистӣ анҷом диҳад.

НетонёҳуРежими саҳюнистӣсаҳюнистТелавив
Comments (0)
Add Comment