Муҳриддин: хостори таҷдиди сохтори молиявии байналмилалӣ

Вазири хориҷаи кишвар Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи таъмини сафарбаркунии маблағгузории устувор ва дарозмуддат барои сармоягузориҳои зарурӣ таъкид кард

Дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вазири хориҷа Сироҷиддин Муҳриддин дар Муколамаи сатҳи баланд дар умури маблағгузории соҳаи рушд ширкат намуд.
Вазири кишвар зимни суханронии худ дар бораи иқдомҳои Тоҷикистон дар самти амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор маълумот дода, аҳамияти тақвияти фаъолияти СММ-ро барои дастгирии кишварҳои узв дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ва маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувори он муҳим арзёбӣ намуд.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба зарурати таҷдиди сохтори молиявии байналмилалӣ ба мақсади таъмини сафарбаркунии маблағгузории устувор ва дарозмуддат барои сармоягузориҳои зарурӣ таъкид намуд.

Инчунин чанде пеш вазири хориҷа дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок намуд.
Зимни суханронӣ нақши ташкилотҳои минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхайро ҷиҳати пурзӯр намудани кӯшишҳои СММ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ кард.
Вазири хориҷа инчунин ба аҳаммияти муколамаи доимии СҲШ ва СММ оид ба масъалаҳои муқовимат ба хатари маводи мухаддир, ба вежа таҳдидҳои марбутаи аз қаламрави Афғонистон зуҳуркунанда таъкид кард.

Сироҷиддин МуҳриддинСММСҲШ
Comments (0)
Add Comment