Эҳзори сафири Қирғизистон пас аз суханони Тошиев

Вазорати корҳои хориҷа сафири Қирғизистонро ба вазоратхона эҳзор кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 16 сентябри соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба вазорати корҳои хориҷӣ даъват карда шуд. Бино ба иттилоияи расмии вазорат, “зимни вохӯрӣ ба сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон вобаста ба изҳороти шахси мансабдори баландмақоми давлатии Қирғизистон дар робита ба масъалаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, ки 15 сентябри соли равон дар фазои иттилоотӣ интишор гардид, расонида шуд”.

Тибқи гузориши вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ин мулоқот “таъкид гардид, ки ин гуна тавзеҳот метавонад ба раванди музокирот оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин эътимоди тарафайн зарари ҷиддӣ расонад”.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мушаххас накардааст, ки сухан дар бораи изҳороти кадом “шахси мансабдори баландмақоми давлатии Қирғизистон” меравад?

Вале рӯзи 15 сентябр дар як маросими бахшидаи ба солгарди якуми хунинтарин муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев изҳор дошт, ки агар Тоҷикистон аз даъвои замин нисбат ба Қирғизистон даст накашад, дар Бишкек низ бар асоси асноде, ки ахиран пайдо кардаанд, метавонанд даъвои ҷавобӣ пеш биоранд ва баргардондани заминҳои ба Тоҷикистон додашудаи Қирғизистонро талаб кунанд.

Тошиев дар суҳбат бо журналистон ҳодисаҳои соли гузаштаро “амали таҷовузкорона” номид ва изҳор дошт, ки “аз ин ба баъд мо ба чунин таҷовуз роҳ нахоҳем дод”. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон қаблан аз Қирғизистон даъвои замин кардааст.

“Мо ҷавобашон додем, ки набояд чунин даъвоҳо дар байн бошанд. Ахиран мо асноди наве пайдо кардем, ки бар асоси онҳо, бисёре аз заминҳои Қирғизистон ба ихтиёри Тоҷикистон гузошта шудаанд. Мо мо метавонем инро бо санадҳои таърихӣ ва ҳуқуқӣ исбот кунем. Агар кишвари ҳамсоя аз даъвои қаламрав даст накашад, мо ҳам чунин даъво пеш хоҳем овард. Қувва ва имкониятҳои мо барои ин мерасад. Мо имкони баргардондани заминҳоеро, ки даҳҳо ва ҳатто садҳо сол пеш ба Тоҷикистон дода шудаанд, дорем”, — изҳор дошт Тошиев. Ӯ дар ин бора тафсилоти дигар надод  ва нагуфт, ки сухан дар бораи чӣ асноде меравад ва Тошиев мушаххасан кадом заминҳоро аз дасти Тоҷикистон пас гирифтанист?

Ин радду бадалҳо дар солгарди якуми хунинтарин муноқиша дар марзи ду кишвар дар ҳолест, ки бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 240 нафар кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Аммо муноқишаи аз ҳама хунин муноқишаи рӯзҳои 16-18 сентябри соли 2022 буд, ки Қирғизистон кушта шудани 36 нафар аз ҷониби худро хабар дод ва расонаҳои Тоҷикистон рӯйхатти беш аз 80 кушташуда аз тарафи дигарро нашр карданд. Ин муноқиша хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути СССР дониста мешавад.

Вазорати корҳои хориҷаҚирғизистонТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment