Ҳамкорӣ ва тавсеаи равобит меҳвари дидори вузарои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон

Вузарои амури хорҷаи Тоҷикистону Қирғизистон бо якдигар дидор ва мавзӯъоти марбут ба ҳамкории байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сироҷиддин Меҳриддин” вазири умури хориҷаи кишварамон Тоҷикистон ва “Ҷиянбек Колобоев” вазири умури хориҷаи Қирғизистон бо якдигар дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ҷараёни ин дидор масоили муҳимми марбут ба ҳамкории ду кишвар ва ҳамчунин муқаддамоти панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва даври ҷадиди иҷлоси шӯрои сарони кишварҳои муассиси сандуқи байналмилалии наҷоти дарёчаи Арал, ки рӯзҳои 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, баррасӣ шуданд.

вузарои хориҷаДушанбеҚирғизистонТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment