Дар Афғонистон ноком шудем

Раиси ситоди муштараки артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид кард, ки ҷанги ин кишвар дар Афғонистон шикаст хӯрд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, раиси ситоди муштараки артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Марк Милли бо эътироф ба инки хуруҷ аз Афғонистон як шикасти стратегӣ буд, таъкид кард, ки ҷанги 20 солаи Амрико ҳам дар Афғонистон бо шикасти Вашингтон поён ёфтааст.

Вай гуфт дар бораи хуруҷ аз Афғонистон гуфт, тавре, ки ман мехостам тамом нашуд. Нигоҳ кунед, замоне, ки душман пойтахти шуморо ишғол мекунад ин як шикасти стратегӣ аст. Наметавон ин ҷангро як муваффақият тавсиф кард.

Аршадтарин мақоми низомии Амрико гуфт, мо беш аз 20 сол бо Толибон ва муттаҳидони онҳо ҷангидем. Онҳо ба далелҳои зиёде дар Кобул пирӯз шуданд.

Раиси ситоди муштараки артиши Амрикои дар ҳоле ба шикасти ин кишвар дар Афғонистон эътироф мекунад ва наҳваи хуруҷро низ шикасти стратежик мехонад, ки Ҷо Байден, президенти Амрико борҳо аз тасмимаши дар ин бора дифоъ кардааст.

Бар хилофи интиқоди шумори зиёде аз мақомҳои пешин ва кунунии Амрико дар мавриди хуруҷи фоҷиа бор аз Афғонистон, раисҷумҳури ин кишвар борҳо аз тасмимаш дар ин замина дифоъ кардааст.

АмрикоАфғонистонВашингтонКобул
Comments (0)
Add Comment