Таҳлили Вашингтонпост аз паёмадҳои қуръонсӯзӣ дар Шветсия ва Дания

Вашингтонпост вазъияти пеши рӯи Шветсия ва Дания пас аз қуръонсӯзиро чолиши бузург дар миёни тааҳҳуди иддао шуда ба “озодии баён” ва буҳрони ношӣ аз беҳурматӣ ба муқаддасоти мусалмонон тавсиф мекунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вашингтонпост навишт, вазъияти феълии Шветсия ва Дания пас аз беҳурматии чандин бора ба муқаддасоти исломӣ, чолиши бузургест, ки онҳоро дар миёни пойбандии иддао шуда ба “озодии баён” ва буҳрон дар равобит бо мусалмонон ба далели беҳурматӣ ба муқаддасот қарор медиҳад.

Бино бар сармақолае, ки дар вебсайти Вашингтонпост нашр шудааст, Шветсия ҳамчунон иддао мекунад, ки ба усули худ яъне озодии баён пойбанд аст, аммо ин пойбандии иддао шуда мушкилоти фаровонеро барои ин кишвар дар пай хоҳад дошт агарчи давлати Шветсия мегӯяд, ки дар ҳоли мутолиаи роҳҳое барои ҷилавгирӣ аз такрори сӯзондани Қуръон аст. Аз тарафи дигар Дания тасреҳ кардааст, ки бояд роҳеро барои манъи беҳурматӣ ба Қуръон ва дигар китобҳои муқаддас биёбанд.

Агарчи ду кишвар ин иқдомотро маҳкум, аммо ҳар ду иддао кардаанд, ки ба далели пойбандии худ ба озодии баён наметавонанд бо ин иқдомот мухолифат кунанд; аммо кишварҳои исломии мухталиф ин тавҷеҳро напазируфта ва эътирозоти густардае ба ин ду давлат доштаанд. Ин буҳрон танҳо ба осебдидани чеҳраи ин кишварҳо маҳдуд намешавад балки эътирозоти густардаи мусалмонони ин кишварҳо низ бахше аз ин осеб аст.

Пас аз беҳурматӣ ба Қуръон дар Шветсия, сафорати ин кишвар дар Бағдод мавриди ҳамла қарор гирифт ва аз сӯи дигар узвияти Шветсия дар НАТО низ дар маърази хатари қарор гирифтааст. Туркия яке аз аъзои Мусалмони НАТО, мухолифати худ бо вуруди Шветсия ба ин созмонро эълон кардааст.

Дар пайи қуръонсӯзии ахир дар Шветсия, Ожонси аслии амнияти ин кишвар сатҳи таҳдиди терроризмро ба болотарин ҳадди худ расонд ва нахуствазири ин кишвар гуфт, ки Шветсия бо ҷиддитарин таҳдиди худ аз замони Ҷанги ҷаҳонии дувум рӯбарӯ аст.

Аз сӯи дигар давлати Дания ба дунболи манъ кардани беҳурматӣ ба муқаддасот ва ҷурм донистани он аст. Вазири додгустарии ин кишвар тасреҳ кардааст: ба ҷои сӯзондан равишҳои мутамаддинонатаре барои баёни дидгоҳҳо вуҷуд дорад.

Шуморе аз аҳзобу гуруҳҳои ростгарои ифротӣ ба шиддат бо вазъи ҳаргуна маҳдудияте алайҳи беҳурматӣ ба муқаддасот мухолиф ҳастанд. Ба гуфтаи ин гуруҳҳо ва аҳзоб ин амр ба сароҳат маҳдудияти озодии баён буда ва мухолиф бо ҳуқуқи бунёдини афрод аст. Бисёре ин иддаоро рад мекунанд ва онро баҳонае барои касби қудрати сиёсӣ аз тариқи доманзадан ба исломҳаросӣ ва муҳоҷирситезӣ тавсиф кардаанд.

ВашингтонпостДанияҚуръонҚуръони КаримҚуръонсӯзӣШветсия
Comments (0)
Add Comment