Даргирӣ дар Шветсия пас аз беҳурматӣ ба Қуръон+Филм

Такрори беҳурматӣ ба Қуръони Карим ва оташзадани он тавассути шаҳрванди ироқии муқуми Шветсия боиси даргириҳое байни мусалмонони хашмгин ва неруҳои полиси Шветсия шудааст.

Рӯзи душанбе шаҳри Малмё, сеюмин шаҳри бузурги Шветсия, шоҳиди даргириҳое байни афсарони полис ва мусалмонони хашмгин бар сари сӯзондани нусхае аз Қуръони Карим буд.

Ассошиэйтед Пресс, эълон кард, ки даргириҳо дар маҳаллаи муҳоҷирон дар шаҳри Малмё дар ҷануби Шветсия рух дод.

Авоили рӯзи душанбе, як ҷамъияти хашмгини бештарашон ҷавон, идома ба оташ задани чӯбу ластики худруҳо карданд.

Ба гуфтаи полис, ин афрод иқдом ба партоби санг карда ва даҳҳо худру низ шаби якшанбе тавассути муътаризон ба оташ кашида шудааст.

Полис ҳамчунин эълон кард, ки ҳаддиақал 18 нафарро дар ду рӯзи гузашта дастгир кардаанд.

Даргириҳо аз рӯзи якшанбе ва пас аз он оғоз шуд, ки Саливан Момика, фаъоли зидди Ислом, нусхае аз Қуръонро сӯзонду гуруҳе хашмгин саъй карданд ӯро мутаваққиф кунанд.

ДанияҚуръонШветсия
Comments (0)
Add Comment