Медведев: Амрико бо худаш даргир аст ва ҷанги дохилӣ таҳдидаш мекунад

Муовини шӯрои амнияти Русия гуфт, тақобул байни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон метавонад ба як ҷанги дохилӣ даҳшатовар дар Амрико табдил шавад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Дмитрий Медведев” муовини шӯрои амнияти Русия ва раисҷмҳури собиқи ин кишвар гуфт, тақобул байни демократҳо ва ҷумҳурихоҳони Амрико метавонад ба як ҷанги дохилии даҳшатовар табдил шавад.

Медведев шанбе дар мусоҳиба бо шабакаи “Роша Тудей” ва хабаргузории “ТАСС”-и Русия гуфт шикофи азим байни нухбагон дар Иёлоти Муттаҳида вуҷуд дорад. Даргирӣ байни ташкилоти ҷумҳурихоҳи муҳофизакор ва бахши либерал, ки ҳизби демократ онро намояндагӣ мекунад дар воқеъ Амрикоро дупорча кардааст.

Ба бовари ин мақоми аршади рус, «Амрико дар ҳоли ҳозир дар вазъияти даргирии дохилӣ аст. Амрико бо худаш даргир аст. Ба илова, ин кашмакаш аз ҷанбаҳое оштинопазир аст. Чунин даргириҳои дохилии ағлаб ба ҷанги дохилӣ хатм мешавад. Намедонам дар Амрико чӣ рух хоҳад дод, аммо сатҳи даргирӣ дар ҳоли ҳозир болост».

Ӯ барои равшан кардани изҳороти худ, ба пайгарди қонунии “Доналд Трамп” раисҷмҳури собиқи Амрико ишора кард, ки ҳамзамон ба думболи касби номзадии ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи отии Амрико аст. Вай гуфт иттиҳомот алайҳи Трамп на ба хотири адолат балки барои ҷилавгирӣ аз мушорикати ӯ дар интихоботи ҷадид матраҳ шудааст.

Доналд Трамп, ки дар назарсанҷиҳо пештози номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ аст, панҷшанбе барои расидагӣ ба иттиҳомоти худ дар парвандаи талош барои тағйири натиҷаи интихобот дар Иёлати Ҷурҷиё дар соли 2020 худашро таслими боздоштгоҳи шаҳристони “Фултон” кард.

Ӯ ба муддати 20 дақиқа боздошт буд ва баъд аз он ба қайди васиқаи 200 ҳазор долларӣ озод шуд. Дар зиндон аз Трамп барои нахустин бор акс боздошт гирифта шуд, ки дақоиқе баъд мунташир шуд. Байден дар ҷамъи хабарнигорон дар вокуниш ба ин акс гуфт аксро дида ва бо лаҳни кинояомез Трампро «фарди хуштип» тавсиф кард.

Дар маҷмӯъ Трампи 77 сола бо 91 иттиҳоми ҷиноӣ таҳти чаҳор кайфархост барои сарнагунии интихобот дар сатҳи иёлатӣ ва федерал, ҳифзи асноди табақабанди шуда ва пардохти ҳаққуссукут ба бозигари филмҳои мустаҳҷан мувоҷеҳ аст. Ӯ ҳамчунин дар як парвандаи озори ҷинсӣ маҳкум шуд ва бо таҳқиқот дар хусуси умури тиҷории худ мувоҷеҳ аст. Дар миёни ин парвандаҳо ду парвандаи талош барои ибтоли интихобот дар Ҷурҷиё ва нигаҳдории асноди маҳрамона таҳдиди ҷиддӣ барои Трамп маҳсуб мешаванд ва аз лиҳози фаннӣ метавонанд ба зиндони шудани ӯ мунтаҳӣ шаванд.

Медведев дар посух ба ин савол, ки оё шабоҳатҳои байнидавлати “Барак Обама” ва Ҷо Байден аз назари наҳваи мувоҷеҳ шудан бо даргириҳо вуҷуд дорад, гуфт амалгароӣ бештаре дар солҳои Обама вуҷуд дошт. Вай афзуд: Байден бештар ба лиҳози зеҳнӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Украина даргир буда, ки дастони ӯро бастааст. Азми Байден барои кумак ба Киев муқобили Русия ӯро гаравгони Украина карда, ки барои ҳар ду кишвари Амрико ва Украина бисёр нороҳаткунандааст.

Пештар ҳамчунин “Сара Пейлин” фармондори пешини Аляска ва номзади собиқи муовинати риёсатҷмҳурӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳ дар бораи эҳтимоли вуқӯъи ҷанги дохилии дувум дар Амрико ҳушдор дод.

Сара Пейлин панҷшанбе ба “Newsmax” гуфт: касоне, ки ин бознамоӣ таҳрифомезро анҷом медиҳанд ва системи адолати дулояро эҷод мекунанд, мехоҳам аз онҳо бипурсам мехоҳед дар ҷанги дохилӣ бошем? Зеро ин чизе аст, ки рух хоҳад дод. Инро таҳаммул нахоҳем кард.

Трамп додситони парвандаи иттиҳомоти Ҷурҷиёро “Чапи радикалӣ” тавсиф карда ва гуфта фармондори ин аёлат бо додситон барои бадном кардани ӯ табонӣ кардаанд. Раисҷмҳури собиқи Амрико баъд аз озод шудан аз зиндон ба қайди васиқа гуфт: «чизе, ки имрӯз шоҳиди он ҳастем дахолат дар раванди интихобот аст».

АмрикоАмрико ва УкраинаДмитрий МедведевТрамп
Comments (0)
Add Comment