Густариши БРИКС, поёни султагарии ғарбро наздиктар мекунад

Раисҷмҳури Беларус мегӯяд гарчи султагарии ғарб ҳанӯз поён наёфта, густариши "БРИКС" (BRICS) ва изофашудани аъзои ҷадид ба ин гурӯҳ, поёни султагарии ғарбро наздиктар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, “Александр Лукашенко”, раисҷмҳури Беларус дар ҷамъи хабарнигорон эълом кард султагари ғарб ҳанӯз поён наёфта, аммо густариш ва тавсеаи гурӯҳи “БРИКС” гоми қудратманд дар ин масир аст.

Вай дароинбора гуфт: ман мӯътақидам, ки султагарӣ ҳанӯз поён наёфта, аммо густариши БРИКС гоми қудратманд дар ин масир аст. На фақат расонаҳои (ғарбӣ) балки мақомоти аршади ғарбӣ низ (аз узвияти аъзои ҷадиди БРИКС) асабонӣ шуданд.

Ба гуфтаи Александр Лукашенко, густариши БРИКС гоми хеле муҳимме ба самти ҷаҳони чандқтбӣ аст ва ин фақат аввалин гом аст.

Лукашенко дар идома афзуд: агар авзоъ хуб пеш биравад, бархе воҳидҳои муҳосибот ва арзҳои мухталиф зоҳир мешавад; Ва ин ҳамон чизе аст, ки ғарбиҳо бештар аз ҳама аз он метрсанд, ба вижа Амрикаиҳо, ки султагар ҳастанд. Ҳамеша бар ин бовар ҳастам, ки ин гуна гомҳо бояд қотеъона бардошта шаванд.

Кишвари Беларус дар моҳи май 2023, расман дархости пайвастан ба БРИКС-ро ироа кард.

Сирил Рамафоса, раисҷумҳури Африқои Ҷанубӣ рӯзи панҷшнбе дар баёнияи поёнии понздаҳумин нишасти сарони БРИКС эълом кард ба Эрон, Аргентина, Миср, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи арабӣ ва Эфиопия аз январи 2024 ба унвони узви расмии БРИКС ба шумор хоҳанд рафт. Мо бори дигар бар тааҳҳуди БРИКС ба чандҷонибагароӣ ва мӯҳтарам шумурдани қавонини байналмилалӣ таъкид меварзем.

Кишварҳои гурӯҳи БРИКС ҳамакунун муташаккил аз кишварҳои Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин, ва Африқои Ҷанубӣ аст. Сарвожаи БРИКС (BRICS) ҳам аз канориҳам қароргирифтани ҳарфи аввали ном англисии ин кишварҳо ташкил шудааст. 30 дарсади тавлиди нохолс ва 40 дарсади ҷамъияти ҷаҳон дар ҳавзаи БРИКС таъриф мешавад.

Александр ЛукашенкоБРИКСГустариши БРИКСРусияҲинд
Comments (0)
Add Comment