Навоварии ICESCO дар вокуниш ба сӯзондани Қуръон

Ҳамзамон бо такрори беҳурматиҳо ба Қуръони Карим дар Шветсия, мудири кулли ICESCO дар робита ба чорчӯббандии озодиҳо бар асоси арзишҳои исломӣ дар пойтахти Марокаш аз ба роҳ мондани навоварӣ барои муқобила бо қуръонсӯзӣ хабар дод.

Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷаҳони Ислом (ICESCO) рӯзи панҷшанбе аз тарҳе бо номи “Онро бихон то бифаҳмӣ” барои посух ба беҳурматиҳо ба Қуръон дар чандин кишвари аврупоӣ рӯнамоӣ кард.

Бар асоси баёнияи Созмони ICESCO, Солим Бен Муҳаммад Ал-молик, мудури кулли ин созмони тайи суханронӣ дар ҷаласаи ифтитоҳияи як конфронси байналмилалӣ бо ҳузури бисёре аз олимону роҳбарони донишгоҳҳои исломӣ дар Рабат, пойтахти Марокаш аз ин навоврӣ хабар дод.

Ал-молик дар ибтидои суханони худ дар ин конфронси илмии байналмилалӣ, ки бо номи “Чорчӯббандии озодиҳо бар асоси арзишҳои исломӣ ва усули ҳуқуқи байналмилал” баргузор шуд гуфт: ин созмон дар вокуниш ба қуръонсӯзӣ навоврии “Онро бихон то бифаҳмӣ”-ро ба роҳ мондааст.

Вай таъкид кард, ки ин ихтироъ аз ҷомеъият, диққат ва ҷиддият ба унвони як посухи мусбат дар баробари шубҳаҳо алайҳи Қуръони Карим бархӯрдор аст.

Мудири кулли ICESCO ҳамчунин хостори ҳамоҳангии талошҳо барои барҷаста кардани чеҳраи воқеии тамаддуни исломӣ шуд.

Муҳаммад Абдулкарим, дабири кулли Анҷумани ҷаҳони Ислом низ дар ин конфронс таъкид кард: озодӣ наметавонад бидуни қоида бошад. Ҳуқуқ ва озодиҳо дар шариати исломӣ тазмин шудааст.

Шавқӣ Аллом, муфтии Миср низ тайи суханоне гуфт: Қуръони Карим ба пойбандӣ ба ҳақиқат даъват мекунад ва пешрафту тараққӣ бидуни ахлоқ бефоидааст.

Такрори беҳурматӣ ба Қуръон дар Шветсия, Дания ва Ҳоланд аз сӯи неруҳои ифротӣ бо вокуниши мусалмонон рӯбарӯ шуда ва дар бархе аз кишварҳои исломӣ дипломатҳои кишварҳои маҳалли қуръонсӯзӣ эҳзор шуданд.

Саливан Момика, шаҳрванди ироқии сокини Шветсия рӯзи гузашта (панҷшанбе) бори дигар дар наздикии масҷиде дар Стокголм як нусха аз Қуръони Каримро оташ зад.

Ин неруи ифротӣ қабл аз сӯзондани дубораи Қуръон, парчами ҳамҷинсгароёнро боло гирифт ва дар ҳимоят аз онҳо шиор сар дод. Ин дар ҳолеаст, ки теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз неруҳои полиси Шветсия низ дар ин маҳал ҳузур доштанд.

Созмони Милали Муттаҳид дар 26 июл қатъномаеро тасвиб кард, ки аз сӯи Марокаш пешнавис шуда буд ва тамоми аъмоли хушунатомез алайҳи китобҳои муқаддасро ба унвони нақзи қонунҳои байналмилалӣ маҳкум кард.

ДанияҚуръони КаримҲоландШветсия
Comments (0)
Add Comment