Суқути ҳавопаймои фармондеҳони ВАГНЕР – Пригожин ҳам дар он будааст?

Шоми 23 августи соли 2023 дар ноҳияи Бологовои вилояти Твери Русия як ҳавопаймои тамғаи Embraer Legacy, вобаста ба ВАГНЕР суқут кард.

Шоми 23 августи соли 2023 дар ноҳияи Бологовои вилояти Твери Русия як ҳавопаймои тамғаи Embraer Legacy, вобаста ба ВАГНЕР суқут кард. Гуфта мешавад, ки Пригожин ҳам дар рӯйхатти мусофирон будааст.

Бино ба иттилои канали База, ҳавопаймои  Embraer ERG 135 бо рақами RA-02795, ки суқут кард, ба асосгузори ЧВК “Вагнер” Евгений Пригожин тааллуқ дошт. Хабаргузории расмии ТАСС бо такя ба Росавиатсия хабар дод, ки Пригожин дар рӯйхатти мусофирони ҳавопаймои суқуткарда буд.

Ин ҳавопаймо дар хатсайри Маскав – Санкт-Петербург парвоз мекард. Дар дохили он 3 узви экипаж ва 7 мусофир ҳузур доштанд. Гуфта мешавад, ҳамаи онҳо ҳалок шудаанд ва часадҳои 8 нафарро алакай ёфтаанд “Фонтанка” бо такя ба манбаи худ хабар дод, ки Евгений Пригожин ҳам дар дохили ҳавопаймои суқуткарда буд. Ба ғайр аз ӯ дар ин ҳавопаймо боз чанд фармондеҳи дигари аршади ЧВК “Вагнер” қарор доштаанд. Журналист Ксения Собчак низ бо такя ба манобеи худ навишт, ки Пригожин дар дохили ҳавопаймои суқуткарда қарор дошт.

Расман ин хабар ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Дар гузашта низ чандин бор хабари марги Пригожин пайдо шуда буд, вале ин дафъа ин хабарро ба сурати ғайримустақим як ниҳоди давлатӣ – Росавиатсия тасдиқ кард.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол ягон канали наздик ба Пригожин дар бораи зинда ё мурдаи ӯ хабаре нашр накардааст. Журналисти таҳқиқотчӣ Андрей Захаров навишт, ки раҳбари ЧВК “Вагнер” тоза аз сафари Африқо баргашта буд.

Андрей Захаров дар  Телеграм навиштааст: “Дар мавриди Пригожин феълан танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки ӯ имрӯз (23 август) аз Африқо ба Русия парвоз карда буд ва ҳамаи фармондеҳони ЧВК „Вагнер“ ҳамроҳаш буданд. Ба ман гуфтанд, ки ин муъҷиза мебуд, агар вай дар ҳавопаймои дуюм бошад”.

Гуфта мешавад, шоми 23 август аз Маскав ду ҳавопаймои ЧВК “Вагнер” ба парвоз хеста буданд. Бино ба иттилои пойгоҳи  flightradar24, баъди суқути ҳавопаймои аввал, ҳавопаймои дуюми тамғаи Embraer 600, ки низ ба Пригожин тааллуқ дошт, дар як фурудгоҳи Маскав фуруд омадааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе каналҳо, аз ҷумла ВЧК-ОГПУ, фарзияи бо мушакҳо зада шудани ҳавопаймои Пригожинро матраҳ мекунанд.

Росавиатсия хабар дод, ки як комиссияи вижа таъсис ёфта ва алакай ба таҳқиқи сабабҳои сониҳаи ҳавопаймо оғоз кардааст. Ба иттилои Росавиатсия, ҳавопаймои суқуткарда ба ширкати “МНТ- Аэро” тааллуқ ва ба анҷоми парвозҳои тиҷоратӣ ихтисос дошт.

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 263 Кодекси ҷиноятии Русия (вайрон карлани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми ҳаракат ва истифодаи нақлиёти ҳавоӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Евгений Пригожин асосгузори як воҳиди ғайрирасмии ҳарбие буд, ки ба вазорати мудофиаи Русия итоат намекард. Ҷанговарони ЧВК “Вагнер” соли 2014 низ дар ҳамлаи аввали Русия ба хоки Украина иштирок доштанд. Дар ҷараёни ҷанги ахири Русия бо Украина Пригожин чандин бор вазири мудофиа Сергей Шойгу ва сардори Генштаб Герасимовро бо ибораҳои қабеҳе, чун “малъун” ва “нобакор” ба боди интиқод кашида, шоми 23 июни соли 2023 бо талаби истеъфои ҳарду ошӯб бардошт ва бо нирӯҳояш ба самти Маскав ҳаракат кард. Танҳо шаби 24 июн бо миёнаравии президенти Беларус Алекандр Лукашенко Пригожин аз идомаи ошӯб даст бардошт ва  қарор шуд, ки нирӯҳои ЧВК “Вагнер” ба Беларус интиқол дода шаванд.

Президенти Русия Владимир Путин он вақт аз аъмоли Пригожин хеле тунд интиқод карда, гуфта буд: “Ҳар касе, ки дониста пой ба роҳи хиёнат гузошт, ин ошӯбро омода кард, даст ба шантаж ва шеваҳои террористӣ зад, ба таври ногузир ҷазояшро хоҳад гирифт. Онҳое, ки ин шӯришро омода кард ва ба зидди ҳамсангарони худ силоҳ бардошт, ба Русия хиёнат карданд. Ва барои ин посух хоҳанд гуфт”.

Ин бори аввал нест, ки хабари марги асосгузори ЧВК “Вагнер” нашр мешавад. Як сол қабл дар каналҳои Телеграм хабари кушта шудани Пригожин дар мавзеи Попасная дар вилояти Луҳански Украина пайдо шуд, вале ба дунбол аксҳои Пригожин ва сипас худи ӯ дар маҳзари ом пайдо шуда, овозаҳои маргашро рад карданд.  Аз он пеш хабари дар Африқо кушта шудани Пригожин низ расида буд.11 октябри соли 2019 дар ҳақиқат як ҳавопаймои ҳарбии боркаши тамғаи Ан-72 суқут карда буд. Дар дохили он 8 нафар, аз ҷумла кормандони дастгоҳи президенти Конго Феликс Чисекиди қарор доштанд. Овозае бархост, ки Пригожин низ бо онҳо будааст. Вале ин хабар тасдиқ нашуд: Дар байни ҳалокшудагон дар ҳақиқат шаҳрвандони Русия буданд, вале на Пригожин.

 

АфриқоВагнерВладимир ПутинЕвгений ПригожинСергей Шойгу
Comments (0)
Add Comment