Дар миёнаи мавҷе аз амалиёт ба раҳбарии Эрон ҳастем

Нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳамроҳ бо вазири ҷанги ин режим аз маҳалли вуқӯъи амалиёти зидди саҳюнистӣ дар ҷануби Ал-Халил боздид кард ва муддаӣ шуд, ки ин режим дар миёнаи мавҷе аз амалиёт ба раҳбарии Эрон ва гурӯҳҳои таҳти ҳимояташ қарор дорад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Бинёмин Нетаняҳу” нахуствазир ва “Ёав Галлант” вазири ҷанги режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе аз маҳалли вуқӯъи амалиёти зидди саҳюнистӣ дар ҷануби Ал-Халил баёниае содир кард.

Вай дар ин баёния гуфт: «ончи дар ҳоли рӯй додан буда бо ҳидояти хориҷӣ дар ҳоли вуқӯъ буда ва мо қотилон ва паём расонҳои онҳоро мавриди бозхост қарор хоҳем дод».

Нахуст вазири режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд: «мо дар миёнаи мавҷе аз амалиёти террористӣ ба раҳбарии Эрон ва гурӯҳҳои таҳти ҳимояташ ҳастем».

Нетаняҳу изофа кард: «иқдомоти мутааддидеро барои бозгардондани амният ба шаҳрвандони исроилӣ иттихоз хоҳем кард ва тамоми гузинаҳо бар рӯи миз қарор доранд».

Неруҳои муқовимати Фаластин, қабл аз зуҳри дирӯз, дар амалиёте чанд шаҳракнишини саҳюнистро дар минтақаи Ал-Халил дар ҷануби Фаластини ишғолӣ ҳадаф қарор доданд. Ба думболи ин амалиёт 1 саҳюнист ба ҳалокат расид ва 5 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Неруҳои муқовимат, рӯз шанбе, низ дар амалиёте муваффақ шуда буданд 2 саҳюнистро дар шимоли Каронаи Бохтарӣ дар минтақаи Ҳавора ба ҳалокат бирасонанд.

“Исҳоқ Ҳерзог” раиси режими палиди саҳюнистӣ, баъд аз зуҳри душанбе, дар вокуниш ба амалиёти Ал-Халил дар ҷануби Каронаи Бохтарӣ гуфт: «рӯзҳои сахт ва дардноке барои Исроилиҳост, зеро душманони мо ба ҳар тариқе талош мекунанд то ба мо зарба бизананд ва ба мо осеб бирасонанд».

Сухангӯи Ҳамос, имрӯз, дар вокуниш ба амалиёти Ал-Халил гуфт: «ҷавонони размндаи Каронаи Бохтарӣ қодир ҳастанд алорағми омодабоши низомиён, аз тамоми деворҳои амниятии саҳюнистҳо убур кунанд. Амалиёти истишҳодӣ идома хоҳад ёфт ва то замони берунрондани ишғолгарон ва ҷорукардани шаҳракнишинон аз хокамон ташдид хоҳад шуд».

Алорағми анҷоми ду амалиёт тайи чанд рӯзи гузашта дар арозии ишғолии Фаластин, неруҳои режими саҳюнистӣ то лаҳзаи интишори ин гузориш натавонистаанд муҷриёни амалиётҳоро шиносоӣ ва дастгир кунанд.

Ал-Халилзидди саҳюнистӣНетаняҳураҳбарии ЭронФаластинЭрон
Comments (0)
Add Comment