Ҷанги НАТО алайҳи Русия иқтисоди Аврупоро дар ҳам шикастааст

Раисҷумҳури Сербистон гуфт, ҷанги НАТО алайҳи Русия иқтисоди Аврупоро дар ҳам шикастааст ва Русия дар майдони набард шикаст нахоҳад хӯрд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Александр Вучич” раисҷумҳури Сербистон рӯзи душанбе дар мусоҳибае таъкид кард, ки ҷанги Украина иқтисоди Аврупоро дарҳам шикастааст.

Ба гузориши вебгоҳи шабакаи хабарии “Пресс ТВ” раисҷумҳури Сербистон дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии “Fox News” изҳор дошт, ки ҷанг дар Украина ва ҷанги НАТО алайҳи Русия, иқтисоди Аврупоро дарҳам шикастааст.

Вай афзуд: «тахриби хатти лӯлаи гази Нурд Стрим тавассути давлат Байден, чӣ ба таври мустақим ё аз тариқи ниёбатҳо, иқтисоди Олмонро аз байн мебарад.»

Раисҷумҳури Сербистон пешбинӣ кард:«ҷанги фарсоиши дар ҳоли анҷом аст ва бо тамоми қудрати ғарб, Русия дар ҷанг шикаст нахоҳад хӯрд».

Александр Вучич борҳо ишора карда, ки давлати ӯ таҳти фишори ғарб барои эъмоли таҳримҳо алайҳи Русия қарор гирифтааст. Вучич ахиран гуфт, ки тамоми талошҳои ғарб барои кумак ба Украина барои бартарӣ бар Русия дар майдони набард беҳуда будааст.

Русия аз 24 феврали 2022 баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли ду ҷумҳурии Луганск ва Донетск аз Украина, ба ин минтақа неру эъзом кард ва аз оғози «амалиёти вежаи низомӣ дар Украина» хабар дод. Русия ҳадафи худро аз ин иқдом, нозизудоӣ Украина, халъи силоҳи ин кишвар, рафъи нигарониҳои амниятии худ ва иҷобати дархости кумаки Луганск ва Донетск эълом кардааст.

Венгрия низ эълом карда, ки таҳримҳои ғарб алайҳи Русия натиҷаи маъкус дорад ва ба Аврупоиҳо осеб мезанад. “Питер Шиарто” вазири умури хориҷаи Венгрия гуфт, ки таҳримҳои эъмол шуда аз сӯи кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия корсоз нест ва дар иваз ба кишварҳои аврупоӣ осеб мерасоанд.

“Кристов Бобронизки” вазири дифои Венгрия низ ахиран гуфт, ки дидгоҳи кишварҳои узви НАТО дар бораи ҷанги Украина ба таври қобили таваҷҷуҳе дар ҳоли тағйир буда ва комилан ошкор аст, ки роҳи ҳалли низомӣ корсоз нест.

Вай афзуд: «бархе аз кишварҳои НАТО ва ағлаб дабири кулли НАТО, на ба намояндагӣ аз эътилоф балки ба намояндагӣ аз бархе кишварҳои узви НАТО ба лаффозиҳои таҳоҷумии худ идома медиҳанд.»

АврупоАлександр ВучичВенгрияиқтисоди АврупороЛуганск ва ДонетскНАТОРусияСербистон
Comments (0)
Add Comment