Беҳурматӣ ба Қуръон барои ғарб чӣ фоидае доштааст

Ҳар замон, ки ғарб дучори буҳрон мешавад ва ноумед аст, шӯриши умумӣ зидди мусалмононро бармеангезанд ва ё мехоҳад тамаркузи худро аз шикастҳои худ мунҳариф кунад, даст ба таҳқири муқаддасоти исломӣ мезанад; ин иттифоқ борҳо дар тӯли таърих, чи дар гузашта ва чи ҳол, рух додааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Middle East Monitor, Рамзӣ Бород (Dr Ramzy Baroud) рӯзноманигори машҳури фаластинӣ ва дабири нашрияи “Palestine Chronicle”, дар ёддоште ба мавзӯи сӯзондани Қуръон дар Шветсия ва Дания пардохт ва навишт: беҳурматӣ ва сипас сӯзондани Қуръони Карим дар Шветсия бори дигар баҳси сиёсӣ аз маҳкумият ва тавҷеҳро барангехтааст.

Мақомоти аршади Шветсия ва Иттиҳодияи Аврупо эълон кардаанд, ки чунин амалҳо тавассути қонун муҳофизат мешавад.

Аммо чаро қонун аз ҳуқуқи касоне, ки мухолифи барномаҳои ғарбӣ, истеъмор, империализм, саҳюнизм ва мудохилаҳои низомӣ ҳастанд ба як андоза ҳимоят намекунад?

Барои мисол, ҷумбиши бойкоти Фаластин (BDS), доиман дар ҷавомеъ ва ниҳодҳои ғарбӣ барои ҳаққи истифода аз забони хос ё сирфан ба чолиш кашидани ишғолгарӣ ва нажодпарасти Исроил, ҳарчанд бидуни хушунат, меҷангад.

Ин ниҳод бисёре аз дафотири расонаҳои кишварҳои исломӣ ба мисли Лубнон ва дигар расонаҳои зидди Исроили ишғолгарро аз моҳвора ҳазф кардааст.

Ҳазорон фаъоли фаластинӣ ба далели ҷуръати интиқод аз ҷиноятҳои ҷангии Исроил дар Фаластин дар шабакаҳои иҷтимоии ғарбӣ манъ ё бойкот шудаанд. Нависандаи ин мақола яке аз ҳамин афроди бойкот шуда мебошад.

Бо оғози ҷанги Русия ва Украина, аз давлатҳои ғарбӣ хоста шуд то ба таври комил фаъолияти шабакаҳои “Russia Today” ва дигар каналҳои расонаи Русия дар пойтахтҳои ғарбиро масдуд кунанд, ки мунҷар ба таътилии дафотир, каналҳои расонаҳои иҷтимоӣ шуд.

Дар феврали 2022, раиси камиссияи Аврупо гуфт: мо мошини расонаии Кремлро дар Иттиҳодияи Аврупо манъ хоҳем кард.

Ба далоили аҷиб, ҳамаи ин бойкотҳо ба навъе аз дидгоҳи ғарб аз назари ахлоқӣ ва қонунӣ қобили дифоъ мебошад.

Ҳаққи тавҳин ба мусалмонон озодӣ баён аст!!!

Аммо чаро ҳаққи тавҳин ба мусалмонон аз назари ҳукуматҳову қавонини ғарбӣ инқадар гиромӣ ва муқаддасаст? Ва чаро айни замон Қуръонро месӯзонанд? Танҳо ба ин далел, ки исломҳаросӣ дар болотарин сутуҳи давлатҳо дар саросари ғарб, муқаддас аст.

Қонунгузорон ва сиёсатмадорони ғарбӣ мумкин аст истидлол кунанд, ки қонун аз ҳуқуқи афрод барои сӯзондани Қуръон ҳимоят мекунад, аммо дар пушти парда аз буҳурматӣ ба Қуръон ҳимоят мекунанд ва бо онҳо назари муштарак доранд.

Интизор меравад бори дигар мусалмонон бо эътирози дастаҷамъӣ, ҳуҷум ба сафоратхонахоҳои ғарб ва оташ задани парчамҳои кишварҳои ғарбӣ вокуниш нишон диҳанд ва ҳангоме, ки ин иттифоқ меафтад, маҳофили сиёсӣ ва равшанфикрии ғарбӣ, ки дар ваҳлаи аввал суханони нафратангезро муҷоз ё ташвиқ мекарданд, ба саҳна меоянду озодӣ ва мудорои ғарбро бо нобурдборӣ ва истибдоди Ислом, бо пирӯзии ғайриқобили инкоре дар канори ҳам қарор медиҳанд.

Таъини замони сӯзондани Қуръон

Тавваҷӯҳ кунед, ки чигуна Қуръон ағлаб сӯзонда мешавад, ба Ислом тавҳин мешавад ё намодҳои исломӣ таҳқир мешаванд: ҳар замон, ки ғарб дучори буҳрон мешавад ва ноумед аст ё шӯриши умумии зидди мусалмононро бармеангезанд ё мехоҳад тамаркузи худро аз шикастҳои худ мунҳариф кунанд даст ба ин иҳонатҳо зада ин иттифоқ борҳо дар тӯли таърих, чи гузашта ва чи ҳол, рух додааст.

Дар гузашта, ҳар замон, ки ҷаҳони масеҳият дучори ҳарҷу мараҷ, ҷангҳои дохилӣ ва инқилоб мешуд, подшоҳони аврупоӣ бо ҳимояти калисо, ҷангҳои салибиро яке пас аз дигарӣ ба номи озодсозии сарзамини муқаддас байни кофирону мусалмонон ба роҳ мемонданд.

Ахиран ҳангоме, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Ироқ ҳамла кард, ё мехост тавваҷӯҳи худро аз шикастҳои бузурги худ дар Ироқ, Афғонистон ва ҳар ҷо дигар дар ҷаҳони Ислом мунҳариф кунад, таҳриккунандагони ғарбӣ барои сӯзондани Қуръон ба хиёбонҳо ҳуҷум меовараданд ё дар рӯзномаву маҳаллоти худ ба Паёмбари Акрам (с) тавҳин ва тамасхур мекарданд.

Аммо ғарб акнун дар талош аст то аз чӣ буҳроне мунҳариф шавад? Украина ва тағйири парадигмаи ҷаҳонӣ дар ҳоли анҷом аст.

НАТО ва иртиботаш бо тавҳин ба Ислом ва Қуръон

Нато дар ақиб рондан ё ҳатто тазъифи Русия шикаст хӯрдааст. Зидди ҳамлаи бисёр таблиғ шудаи украинӣ, бо модернтарин силоҳҳое, ки ғарб ироа карда, дар беҳтарин ҳолат як шикаст ва дар бадтарин ҳолат як фоҷиаи комил аст.

Илова бар ин, шикофҳои тафриқа байни НАТО ва кишварҳои ғарбӣ бештар аз ҳамешааст ва рӯз ба рӯз бештар мешавад.

Шӯриши Вагнер дар Ростов, ки умедеро дар миёни давлатҳову нухбагони ғарбӣ барангехт, ки Владмир Путин, раисҷумҳури Русияро метавон аз дарун сарнагӯн кард, комилан шикаст хӯрдааст. Дар воқеъ, табъиди ин гуруҳи муздур ба Беларус ва ҳоло дар марзҳои худи НАТО, натиҷаи маъкус доштааст.

Бадтар аз он, арабҳо, мусалмонон ва кишварҳое аз кишварҳои ҷаҳони ҷануб (кишварҳои камтар тавсеа ёфта) дар ҳоли наздиктар шудан ба Маскав ва Пекин ҳастанд. Ал-ҷазоир ахиран як тавофуқномаи ҳамкории бузург бо Русия имзо карда_ бино бар ин ин ду кишвар нуфузи худро бар бозорҳои газ тақвият мекунанд_ва бисёре аз кишварҳо барои пайвастан ба паймони Брикс (BRICS) сафороӣ кардаанд.

Дар мувоҷиҳа бо ин шикаст стротежик ва фурӯпошии комили ахлоқӣ, сиёсӣ ва низомии ғарб, як девонаи фарзӣ дар муқобили масҷиде дар Стокголм зоҳир мешавад, бо маъмурияти сохтагӣ сӯзондани китоби муқаддаси 1,8 миллиард мусалмон. Ҷанҷоли расонаҳои ғарбӣ билофосила дар пайи он меояд.

Аммо ин фард ва амсоли ӯ алоқаи чандоне ба дифоъ аз озодии баён надоранд. Ӯ як истротежии инҳирофӣ аст ва дар бархе аз сутуҳ, раҳбарони оркестри воқеӣ девона нестанд, балки мардони боҳуше ҳастанд, бо машоғили пурдаромаду барномаҳои сиёсӣ.

Дар воқеъ, ин аъмоли куфромез ҷузъе аз дастури кори бузургтари ғарбӣ аст, ки асли он ин аст, ки ғарби демократик, бурдбору асосан хуб аст ва бақия ғайридемократик, ваҳшӣ ва асосан шарӯр ҳастанд.

Ин асли ғалат танҳо бардошти дигаре аз Хосеп Баррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аст, ки дар ноябри соли гузашта гуфт: Аврупо як боғ аст дар ҳоле, ки бештари минтақаҳои дигари ҷаҳон, ҷангал ҳастанд.

Ин воқеият, ки Русия ахиран қавонинеро тасвиб кардааст, ки сӯзондани Қуръонро ҷурм медонад, нишон медиҳад, ки Маскав низ монанди дигарон медонад, ки ин мавзӯъ комилан сиёсӣ аст.

ҒарбДанияҚуръони КаримШвбетсия
Comments (0)
Add Comment