Боздошти зане, ки хост аз иҳонат ба Қуръон ҷилавгирӣ кунад

Як шаҳрванди ироқӣ, ки чандин бор ҷинояти оташзадани Қуръони Каримро муртакиб шуд, дирӯз ҳам бо ҳимояти полиси Шветсия ин амали зиштро такрор кард.

Масъулони Шветсия дар иқдоми бешармона ва барои чандуминбори пайдарпай, ба Селван Момика  иҷоза доданд, беҳурматӣ ба Қуръон кунад.

Хабаргузории “Анатолия” гузориш дод, Селван Момика ин бор, Қуръони Маҷидро дар баробари сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Стокголм оташ зад ва ба парчами муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон иҳонат кард.

Селван Момика ҳамчунин дар идомаи иқдомоти ҷиноятбори худ, Қуръони Карим ва парчами Ироқро лагадмол кард ва Селвон Наҷм яке аз шаҳрвандони Ироқ ҳам ба вай дар ин ҷиноят кумак кард. Як зан, ки дар миёни афроди ҳозир дар ин маҳал буд, талош кард бо оташхомушкунак, Қуръони оташгирифтаро хомӯш кунад, вале полиси Шветсия ворид амал шуд ва ин занро боздошт кард.

Момика ва Наҷм маҳалли ҷиноятро бо як худрави зиреҳии мутааллиқ ба полиси Шветсия тарк карданд ва чандин худрав ва сад нафар аз аносири полиси ин кишвар, ин ду фардро ҳамроҳӣ карданд.

Дар моҳҳои гузашта иҳонат ба Қуръон чандин бор дар Дания ва Шветсия такрор шудааст. Ин мавзӯъ мӯҷиби хашми кишварҳои ҷаҳони Ислом шуда, ки аз ин ду кишвар хостаанд ин иқдомотро мутаваққиф кунанад.

Дар Дания шанбе гузашта теъдоде аз аъзои як гурӯҳи ростгарои ифротӣ иқдом ба оташзадани нусхае аз Қуръон дар баробари сафорати Туркия дар Копенгаген карда ва сипас ба сӯи сафорати Ироқ дар пойтахти Дания ҳаракат карда ва дар онҷо низ Қуръонро оташ заданд.

Ин иқдом дар ҳоле сурат гирифта, ки чанд рӯз қаблтар Ларс Расмуссен, вазири хориҷаи Дания дар гуфтугӯ бо “Самеҳ Шукрӣ” вазири хориҷаи Миср муддаӣ шуда буд, ки ин иқдомоти ғайримасъулона баёнгари арзишҳои ҷомеаи Дания нест ва «давлати ин кишвар дар ҳоли ҳозир дар ҳоли иттихози иқдомот ва судури қавонине аст, ки аз такрори чунин рӯйдодҳои таассуфбор ҷилавгирӣ кунад».

Дар Шветсия ин иқдомот боиси эҷоди як буҳрони дипломатик барои Шветсия шуда ва тазоҳуротҳоеро дар чандин кишвар ба ҳамроҳ дошта, ки хостори таҳрими колоҳои шветсияӣ шудаанд.

Иҳонат ба Қуръон ҳамчунин масъулони Шветсияро ба ҳушдор дарбораи афзоиши таҳдидҳои амниятӣ алайҳи манофеъи ин кишвар водор кардааст. Чанд рӯзи пеш як мақоми аршади шветсияӣ гуфт Шветсияиҳои хориҷ аз кишвар ва машоғили муртабит бо Шветсия «бояд ҳушёрӣ ва эҳтиёти бештаре ба харҷ диҳанд.»

ДанияиҳонатҚуръонСелван МомикаШветсия
Comments (0)
Add Comment