Тоҷикистон кай шомили ИИАО мешавад?

Тоҷикистон барои қабули қарор дар бораи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.

Тоҷикистон барои қабули қарор дар бораи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баён дошт. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба омӯзиши таҷрибаю шароити пайвастани Арманистон ва Қирғизистон ба ин иттиҳоди иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

Вазир дар ин бора шарҳ дод: “Зеро ин кишварҳо бо Тоҷикистон нишондиҳандаҳои иқтисодии шабеҳ доранд.”

Ҳамчунин, Сироҷиддин Муҳриддин таъкид дошт, ки ниҳодҳои дахлдори кишвар то ҳол ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд.

Ӯ илова кард: “Тасмими шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳадди аксар ҳазмшудаю омӯхта хоҳад буд.”

Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиёТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment