Боздошти 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон

Дар Алматои Қазоқистон 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми одамрабои боздошт шуданд.

Дар Алматои Қазоқистон 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми одамрабои боздошт шуданд.

Ин гурӯҳ бо рабудани як ҳамватани худ қасд доштанд 20 ҳазор доллар барои раҳоии ӯ ба даст оранд.

Тибқи иттилоъи хабаргузории КазТАГ бо истинод ба ВКД Қазоқистон “шаҳрвандони Тоҷикистон як ҳамватани худро рабуда, барои озод кардани ӯ пул талаб кардаанд.

Дар бораи нопадид шудани шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон як ҳамватани ӯ ба пулис хабар дод”.

Ин мард ба пулис гуфтааст, дӯсташ рӯзи 13 август ба вохӯрӣ рафта, дигар барнагаштааст.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хонаеро, ки дар он шаҳрванди рабудашударо дар асорат нигоҳ медоштанд, муайян карданд.

Сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили департаменти пулиси Алмато Жанат Нургалиев гуфтааст:

“Дар ҷараёни амалиёти дастаи таъиноти махсуси пулис 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, ки бо мақсади ба даст овардани 20 ҳазор доллар, ҳамватани худро рабудаанд. Онҳо ӯро лату кӯб намуда, онро дар видео ба навор мегирифтанд”.

Гуфта мешавад, гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели одамрабоӣ (моддаи 125 КҶ Қазоқистон) боз шудааст.

Гумонбаршудагон ба ҳабс гирифта шудаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд: 

Дар ҷараёни як амалиёт дар Қазоқистон даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дастгиру тафтиш кардаанд. Мақомот ҳадафро “пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ” медонанд.

Чанд зодаи Тоҷикистон аз боздоштҳои, ба гуфтаашон, беасос ва нигоҳдорӣ дар “утоқҳои тангу бидуни шароит” шикоят доранд.

Ба нақли чанд муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон, даҳҳо маъмури интизомӣ рӯзи 21-уми феврал “камаш 52 нафарро” ба мошинҳо бор карда бурдаанд. Идомаи матлаб дар: 

 

боздоштҚазоқистонТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment