25 кушта ва 66 захмӣ дар инфиҷори сӯзишвории бензин дар Русия

Расонаҳои русӣ аз вуқӯъи инфиҷор дар маҳалли як сӯзишвории бензин дар шаҳри Махачкала, маркази ҷумҳурии Доғистони Русия хабар доданд, ки ҳадди ақал 25 кушта бар ҷой гузошт.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, расонаҳои русӣ шомили хабаргузории “ТАСС” гузориш доданд, инфиҷоре, ки шомгоҳи душанбе дар маҳалли сӯзишвории бензин дар шаҳри Махачкала, маркази ҷумҳурии Доғистон дар ҷануби Русия иттифоқ афтод, дасти кам 25 кушта ва 66 захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Ба гузориши хабаргузории “РИА Новости” Русия, мақомҳои фавқулоддаи маҳаллӣ гуфтанд, оташсӯзӣ баъд аз ин инфиҷор то масоҳати 500 метри мураббаъро фаро гирифтааст ва хатари вуқӯъи инфиҷорҳо ва оташсӯзиҳои бештар низ вуҷуд дорад.

Ба навиштаи хабаргузории “Рейтер”, видеоҳое аз ин ҳодиса ва оташсӯзии васеъи он ва захмиҳои бистарӣ шуда дар як бемористони маҳаллӣ мунташир шудааст.

“Сергей Меликов”, раиси минтақаи Доғистон дар расонаҳои иҷтимоӣ навишт, ин инфиҷор дар сӯзишвории бензини дар атрофи шаҳри Махачкала рух дод ва мутаоқибан тимҳои имдод ва наҷот ва пизишкон ба саҳнаи ҳодиса эъзом шуданд.

Хабаргузории ТАСС навишт, ибтидо инфиҷори бузурге дар таъмиргоҳе дар муҷовирати ин сӯзишвории бензин ба вуқӯъ пайваст ва ин инфиҷор ҷарақаи оташсӯзӣ дар сӯзишвориро зад.

Расонаҳои русӣ ҳамчунин аз вуқӯъи инфиҷори қудратманди дигаре дар маҳалли як майдони нафтӣ дар ғарби Сибир дар рӯзи душанбе хабар доданд.

Хабаргузории “РИА Новости” навишт, ин инфиҷор дар майдони нафтии “Таллинское” дар минтақаи “Ханти-Мансийск” ғарби Сибир иттифоқ афтод, ки дар натиҷаи он ду тан кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ин инфиҷор низ боиси оташсӯзӣ дар минтақае ба масоҳати 100 метри мураббаъ шудабуд.

ДоғистонМахачкалаРусияСибирсӯзишвории бензин
Comments (0)
Add Comment