Тасмими Русия ва Қатар барои истифода аз пули миллӣ дар мубодилоти тиҷорӣ

Дар идомаи сиёсати долларзудоӣ дар мубодилоти тиҷорӣ миёни кишварҳои мухталиф, Қатар низ дар мубодилоти тиҷории худ бо Русия, долларро ҳазф карда ва тиҷорат миёни ду кишвар бо пули миллӣ анҷом мегирад. Дарини росто Дмитрий Догадкин, сафири Русия дар Қатар гуфт: Мубодилоти тиҷории ду кишвар рӯ ба рушд аст ва ҳар ду талош мекунанд ба ҷои доллар, пули миллии худро ба кор гиранд.

Вай гуфт, ҳамкории ду кишвар дар заминаи сармоягузорӣ, пайваста густариш меёбад. Ва тиҷорат миёни ду кишвар дар се моҳаи нахусти соли 2023 ба беш аз 19 миллиондоллар расидааст.

Мавзӯи истифода аз рубли Русия ва риёли Қатар дар тиҷорати миёни ду кишвар дар дидори Михаил Мишустин, нахуствазири Русия ва Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, вазири умури хориҷаи Қатар дар моҳи июни мавриди баҳс қарор гирифт ва акнун мароҳили амалиётӣ шудани он анҷом шудааст.

Русия ба ҳамроҳ бисёре аз кишварҳои ҷаҳон муддатҳост, ки иқдомоти худро барои коҳиши вобастагӣ ба доллар дар таомулоти тиҷорӣ оғоз кардаанд. Дар воқеъ сиёсатҳои фишори ҳаддиаксарии Амрико бар кишварҳое, ки аз сиёсатҳои Вашингтон пайравӣ намекунанд ва истифода аз таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи ин кишварҳо сабаб шуда то бисёре аз кишварҳо бар истифода аз дигар арзҳо чун рубл ва юан дар муомилоти тиҷории ду ҷониба рӯй оваранд.

Дар воқеъ истифодаи абзории Амрико аз доллар ҳамвора ба унвони яке аз муҳимтарин мушкилоту мавонеъ бар сари роҳи густариши содироту таомулоти байналмилалиӣ миёни кишварҳое, ки тобеъи сиёсатҳои Амрико нестанд, матраҳ будааст. Тайи моҳҳои ахир ва бо ҷанги Русия ва Украина ва ташдиди таҳримҳо алайҳи Маскав ин сиёсат беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳи Русия, Чин ва шуракои тиҷории онҳо қарор гирифтааст. Дар воқеъ истифодаи Амрико аз доллар ба унвони як силоҳи молӣ, бар мизони истиқбол ва дарки зарурати танаввуъбахшидан ба сармоягузориҳо дар арзҳои ҷойгузин аз сӯи кишварҳои дигар афзудааст.

Cedric Chehab, коршиноси муассисаи Fitch Solutions мегуяд, кишварҳои мухталиф бо танаввуъбахшӣ ба манобеи мавҷуд дар ҳисоби захираи арзи хориҷии худ хоҳанд тавонист бахше аз фишор бар фазои хориҷии худро кам кунанд.

Гузоришҳои ҷаҳонии мунташир шуда, нишон медиҳад, саҳми доллар, ки дар соли 1970, 80 дарсади захоири ҷаҳонӣ ташкил дода дар соли 2022 ба камтар аз 58 дарсад аз захоири ҷаҳонӣ коҳиш ёфт, ки поинтарин рақам дар ду даҳаи ахир аст.

Ташкили БРИКС ва истиқболи кишварҳо аз узвият дар он дар ростои истифода аз дигар арзҳо дар мубодилоти иқтисодӣ миёни аъзо ҳамчунин имзои тавофуқномаҳои тиҷории дуҷониба миёни кишварҳо дар ба коргирии арзҳои роиҷу миллӣ миёни онҳо дар мубодилот бавижа тайи яксоли гузашта нишон медиҳад, ба рағми ҳамаи фишорҳои Амрико бар низоми тиҷорати байналмилал ва таҳдидҳои иқтисодӣ, амалан арзиши доллар дар ҳоли коҳиш ва ҳижмун(гегемония)-ии он дар ҳоли аз байн рафтан аст.

БРИКСҚатарРусия
Comments (0)
Add Comment