Сиёсати хориҷии Чин нисбат ба Афғонистон мусбат будааст

Вазири хориҷаи ҳукумати Афғонистон дар дидор бо сафири Чин гуфт, сиёсати хориҷии Пекин дар қиболи Кобул мусбат будааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Амирхон Муттақӣ,  вазири хориҷаи ҳукумати Афғонистон дар дидор бо Ванг Ю, сафири Чин дар Кобул изҳор дошт, сиёсати хориҷии давлати Пекин дар қиболи Афғонистон тайи ду соли гузашта ҳамвора мусбат будааст ва умедворем идома ёбад.

Абдулқаҳори Балхӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи ҳукумати Афғонистон дар Твиттер хабар дод ин изҳорот дар видои Муттақӣ ва Ванг Ю сурат гирифтааст.

Вай афзуд, Амирхон Муттақӣ дар ин дидор аз сафири Чин қадрдонӣ кард, ки маъмурияти дипллматики худро дар замони таҳаввулоти сиёсӣ дар Афғонистон фаъол нигаҳ доштааст.

Ду тараф дар ин дидор дар бораи равобити Афғонистон ва Чин тайи ду соли ахир, сармоягузории ин кишвар ва густариши равобити Кобул ва Пекин дар оянда гуфтугӯ карданд.

Сафири Чин низ изҳор дошт Пекин мутааҳҳид аст то равобити дипломатик бо Кобулро афзоиш диҳад.

Чин аз ҷумлаи кишварҳоест, ки пас аз рӯйи кор омадани ҳукумати Афғонистон равобити худ бо Толибонро афзоиш додааст.

АфғонистонКобулПекинЧин
Comments (0)
Add Comment