Мубориза бо терроризм меҳвари гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистону Канада

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Дейвид Сипаролу, намояндаи вижаи Канада дар умури Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Дейвид Сипаролу, намояндаи вижаи Канада дар умури Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи вижаи Канада дар умури Афғонистон дидор карда ва дар мавриди тақвияти марз ва мубориза бо терроризм ва вазъияти феълии Кобул табодули назар карданд.

Ниҳоди дипломатики Тоҷикистон бо эълони ин матлаб гуфт, ки ду тараф дар ҷараёни ин дидор дар мавриди вазъияти феълӣ дар Афғонистон баҳс ва табодули назар карданд.

Талошҳои Тоҷикистон дар заминаи тақвияти марз ва мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи мавод мухаддир аз мавзӯъҳои мавриди баҳс ва баррасӣ буд.

АфғонистонКанадаСироҷиддин МуҳриддинТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment