Болоравии нархи бархе аз маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки баландшавии нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар шаш моҳи соли равон бештар аз ҳисоби болоравии нархи бензин сурат гирифтааст. 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки баландшавии нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар шаш моҳи соли равон бештар аз ҳисоби болоравии нархи бензин сурат гирифтааст.

Ба гузориши манбаъ:

Дар нимсолаи аввали соли равон таваррум муътадил дар сатҳи 2,3 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин аз ҳисоби 3% болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа ва 2,9 фоиз молҳои ғайриозуқа ташаккул ёфтааст.

Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба иттилои вай, нархи гӯшти гов дар Тоҷикистон 4,3%, картошка 28,6%, биринҷ 43% ва шакар 23,5% баланд шуд.

Муовини вазир инчунин қайд кард, ки дар баробари ин нархи орди навъи якум ва дуюм 17%, равғани растанӣ 22,9%, помидор 71,6%, бодиринг 57,4%, тухм 21,2% ва шир 1,9% коҳиш ёфт.

Ашурбой Солеҳзода шарҳ дод, ки баландшавии нархи маҳсулоти ғайриозуқа бештар аз ҳисоби болоравии нархи бензин 16,4%, доруворӣ 8,4%, масолеҳи сохтмонӣ 4,5% ва маводҳои шустушӯйӣ 3,2% ба миён омад.

Ҳамзамон муовини вазир қайд кард, ки дар баробари ин нархи гази моеъ 26,3 фоиз ва сўзишвории дизелӣ 12,9 фоиз коҳиш ёфт.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ахиран эълон карданд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумори бозорҳои соҳа 63 ададро ташкил додааст.

Тавре масъулини Тоҷикматлубот зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, дар бозорҳо ва дигар иншоотҳои соҳа 23 ҳазор шаҳрвандони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки шумори бозорҳои соҳа 63 адад буда, ҷойҳои нишаст дар онҳо каме бештар аз 18 ҳазорро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон 340,1 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 1300 нафар зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор корхона барҳам хӯрда ва 28 ҳазору 331 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон қаблан дар нишасти матбуотии гуфт аксари соҳибкорон аз як намуди фаъолият ба фаъолияти дигар, аз ҷумла аз патент ва шахси ҳуқуқӣ гузаштанд, ки ин ҳам ба омори барҳамхӯрии соҳибкорон шомил мешавад.

Саъдӣ Қодирзода аз омори соҳибкорон нигаронӣ кард ва гуфт “ин омор басанда нест”.

Номбурда гуфт, ки аксари соҳибкорон аз надонистани ин ё он қонунгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, надоштани маърифати молиявӣ, вақте корхонаро ба қайд мегиранд, корро сар накарда, муфлис мешаванд.

 

бозормаҳсулотТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment