Исроил ру ба поён мебошад

Раиси собиқи Моссад эълон кард, ки режими саҳюнистӣ ба поёни худ наздик шудааст.

Тамир Пардо, Раиси пешини сервиси иттилооти хориҷии режими саҳюнистӣ (Моссад) рӯзи якшанбе бо изҳори назар дар бораи тарҳи ислоҳоти қазоӣ ба раҳбарии Бенямин Нетаняҳу, Сарвазири режими ишғолгар гуфт: Исроил ба поёни худ наздик шудааст.

Пардо муътақид аст, ки режими саҳюнистӣ “механизми худвайронкуниро фаъол карда ва ба поёни худ наздик шудааст.”

Вай гуфт, натиҷагириаш дар бораи худтахрибии режими саҳюнистӣ эҳтимолан ба қабл аз ташкили эътилофи кунунӣ ба раҳбарии Нетаняҳу, яъне қабл аз тадвини тарҳи ислоҳоти қазоӣ бозгардад.

Бо афзоиши чолишҳои дохилӣ ва хориҷии пеши рӯи кобинаи режими саҳюнистӣ ба далели тарҳи тағироти қазоӣ ҳушдорҳо аз сутуҳи мухталифи сиёсӣ, низомӣ ва расонаӣ дар ин режим бо мазмуни инки режими саҳюнистӣ ба самти ҷанги дохилӣ пеш меравад ва мумкин аст нафасҳои охирашро бикашад ташдид шудааст.

Ин мавзӯъро сарвазири пешини режими саҳюнистӣ ба сароҳат баён карда ва гуфта буд: “дар тӯли таърихи яҳуд, яҳудён беш аз 80 сол давлат надоштанд.”

Нетанняҳу ҳам дар соли 2017 гуфт: “ман барои расидани Исроил ба садумин солгарди худ талош хоҳам кард, зеро мавзӯи мавҷудияти мо мафҳуми зимнӣ ва бадеҳӣ нест. Таърих ба мо омӯхтааст, ки ҳеҷ давлате барои қавми яҳудӣ беш аз 80 сол умр накардааст.”

Дигар таҳлилгарони яҳудӣ низ пешбинӣ карда гуфта буданд, ки Исроил нафасҳои охири худро мекашад ва исроилиҳо аз замоне, ки ба Фаластин омаданд фаҳмиданд, ки онҳо қурбонии дуруғе ҳастанд, ки ҷунбиши саҳюнистӣ сохтааст.

Дар ҳамин замина, назарсанҷии анҷом шуда тавассути “Канали 13” нишон дод, ки 56 дарсад аз сокинони арозии ишғолӣ нигарон ҳастанд, ки танишҳо ба як ҷанги дохилӣ табдил шавад.

Назарсанҷии дигаре, ки тавассут “Канали 12” режими саҳюнистӣ анҷом шуд, нишон дод, ки бо исрори давлати Нетаняҳу бар тасвиби ислоҳоти қазоӣ ҳудуди як сеюми исроилиҳо дар ҳоли баррасии хуруҷ аз арозии ишғолӣ ҳастанд.

Рӯзномаи ибрӣ забони “Maariv” низ авохири моҳи гузашта назарсанҷиеро мунташир кард, ки нишон медиҳад 58 дарсади шаҳракнишинон аз ҷанги дохилии воқеӣ дар арозии ишғолӣ бим доранд.

Бенямин НетаняҳуИсроилРежими саҳюнистӣ
Comments (0)
Add Comment