Куштори кӯдакони фаластинӣ тавассути Режими саҳюнистӣ

Яке аз мудирони ниҳоди ҷаҳонии дифоъ аз кӯдакон аз куштори кӯдакони фаластинӣ тавассути Режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ойид Абуқутайш, мудири барномаи Бозгашт дар ниҳоди ҷаҳонии дифоъ аз кӯдакон хабар дод, ки Режими саҳюнистӣ аз ибтидои соли равон 37 кӯдаки фаластиниро дар Каронаи Бохтарӣ ва Навори Ғазза ба шаҳодат расондааст.

Ба гуфтаи ин фаъоли дифоъ аз кӯдакон, Режими саҳюнистии Исроил дар ҳоли ҳозир 160 кӯдаки фаластиниро дар боздошти худ дорад, ки 21 кӯдак бидуни муҳокима дар ҳабси эҳтиётӣ қарор доранд.

Вай афзуд, қатл ва боздошт кӯдакони фаластинӣ тайи соли равон раванди рӯ ба рушди бесобиқае доштааст, тавре, ки метавон гуфт, ҳеч ҳимояте аз суи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кудакони фаластинӣ сурат нагирифта ва Режими саҳюнистӣ ба хотири ҷиноятҳояш бозхост намешавад.

кӯдакРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment