Мулоқоти сафири нави тоҷик дар Минск бо дабири кулли ИДМ

Дабири кулли ИДМ сафири Тоҷикистонро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ин вазифа табрик гуфту ба ӯ дар кораш мувафақият орзӯ кард

Дар қароргоҳи ИДМ дар шаҳри Минск мулоқоти сафири кишвар дар Белорус Бахтовар Сафарзода бо дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷа хабар додааст.
Ба иттилои ВУХ дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунсамтаро дар доираи рӯзномаи ҷории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ намуданд.
Инчунин зимни мулоқот Сергей Лебедев сафири Тоҷикистонро ба муносибати таъйин гардиданаш табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти дипломатӣ дар кишвари Беларус муваффақият орзӯ кард.

Қобили зикр аст, ки дар авохири моҳи май Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Беларус ва ҳамзамон Эстония, Латвия, Литва ва Финляндия озод карда шуд.
Бо фармони президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон сафири нав дар Белорус, Сафарзода Бахтовар Амиралӣ таъйин шуд.

Бахтовар СафарзодаБелорусВУХИДМмулоқотСафирСергей Лебедев
Comments (0)
Add Comment