Беҳурматӣ ба Қуръон, монеи гуфтугӯ миёни динҳо аст

Попи Рум Франсиск дар посух ба номаи як мубаллиғи мусалмони Аргентинӣ сӯзондани Қуръон дар Шветсия ва Данияро як амали ваҳшиёна ва монеа дар роҳи гуфтугӯ миёни динҳо хонд.

Раҳбари католикҳои ҷаҳон дар посух ба номаи намояндаи динҳо дар Бунёди исломии Аргентина (FIAS), сӯзондани Қуръонро монеа дар роҳи гуфтугӯи башарӣ ва ваҳшиёна арзёбӣ кард.

Попи Франсиск дар посух ба ин руҳонии аргантинӣ навишт:

Доктор Абдулкарим Поз, бародари азиза, барои мактубатон ташаккури зиёд.

Ҳодисаи оташ задани Қуръон як амали хеле ваҳшиёна аст. Ин кирдорҳо ба гуфтугӯи инсондустона ва оқилона байни афрод осеб расонда аз он ҷилавгирӣ мекунад.

Поп ду моҳ пеш ҳам сӯзондани Қуръони Каримро маҳкум карда буд.

Силсила ҳодисаҳои қуръонсӯзӣ дар Шветсия ва Дания дар ду моҳи ахир ба таври табиӣ хашми мусалмонони саросари ҷаҳонро дар пай доштааст.

Бисёре аз фаъолони мусалмон мехоҳанд, бар зидди кишварҳое, ки барои таҳқири Қуръони Карим иҷозатнома медиҳанд, мавқеи ягона дошта бошанд. Таҳрими иқтисодӣ ва қатъи равобити дипломатии ҷаҳони Ислом бо ин ду кишварро бархе аз коршиносон яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз такрори таҳқиромез ба муқаддасоти исломӣ пешниҳод кардаанд.

ДанияҚуръони КаримПопШветсия
Comments (0)
Add Comment