Чӣ қадар соҳибкор дар бозорҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ахиран эълон карданд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумори бозорҳои соҳа 63 ададро ташкил додааст.

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ахиран эълон карданд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумори бозорҳои соҳа 63 ададро ташкил додааст.

Ба гузориши манбаъ:

Тавре масъулини Тоҷикматлубот зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, дар бозорҳо ва дигар иншоотҳои соҳа 23 ҳазор шаҳрвандони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки шумори бозорҳои соҳа 63 адад буда, ҷойҳои нишаст дар онҳо каме бештар аз 18 ҳазорро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон 340,1 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 1300 нафар зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор корхона барҳам хӯрда ва 28 ҳазору 331 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон қаблан дар нишасти матбуотии гуфт аксари соҳибкорон аз як намуди фаъолият ба фаъолияти дигар, аз ҷумла аз патент ва шахси ҳуқуқӣ гузаштанд, ки ин ҳам ба омори барҳамхӯрии соҳибкорон шомил мешавад.

Саъдӣ Қодирзода аз омори соҳибкорон нигаронӣ кард ва гуфт “ин омор басанда нест”.

Номбурда гуфт, ки аксари соҳибкорон аз надонистани ин ё он қонунгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, надоштани маърифати молиявӣ, вақте корхонаро ба қайд мегиранд, корро сар накарда, муфлис мешаванд.

Пештар дар хабарҳо омада буд: 

Мақомоти Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз саҳми соҳибкорони тоҷик дар пешрафти ҷомеа барои тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорони бурунмарзӣ изҳори омодагӣ кард.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ба Русия сафар намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилоят.

Дар доираи сафар дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо соҳибкорони тоҷиктабори муқими минтақаи Урал ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон баргузор гардид.

Дар мулоқот миëни роҳбарияти вилоят, вазорату идораҳои мамлакат, соҳибкорони бурунмарзӣ ва диаспораҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, доир ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ гуфтушунид анҷом дода шуд.

Дар ин дидор раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз саҳми соҳибкорони тоҷик дар пешрафти ҷомеа барои тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорони бурунмарзӣ изҳори омодагӣ кард.

Дар ин ҷаласа таъкид гардидааст, ки ҳамасола садҳо корхонаҳои саноатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Раиси вилояти Суғд таъкид кардааст:

“Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва имтиёзҳои фароҳамгардида имкон медиҳад, ки соҳибкорон бо истифода аз сабукиҳо тиҷорати худро ба роҳ монанд. Дар вилояти Суғд барои истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли нӯшокиҳо, либосу пойафзол, доруворӣ, техникаи маишии рӯзгор ва ғайраҳо имкониятҳо зиёд аст”.

Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар бо соҳибкорони тоҷиктабори Русия дар хусуси имтиёзу имкониятҳои фаровон барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ибрози андеша намуд.

Қайд карда шудааст, ки дар мулоқот аз ҷониби соҳибкорони бурунмарзӣ дар хусуси таъсиси фермаҳои чорвою паранда, ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи сохтмон, корхонаҳои коркард пешниҳодҳои ҷолибу судманд манзур гардид.

 

соҳибкорТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment