Аз байн бурдани даҳҳо тонна маводи ғизоии фосидшуда дар кишвар

Даҳҳо тонна маводи фосид аз ҷумла тухми мурғ, асал, меваҷот ва гушт дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар кишвар нобуд карда шудааст.

Ба нақл аз Спутник, даҳҳо тонна маводи фосид аз ҷумла тухми мурғ, асал, меваҷот ва гушт дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар кишвар нобуд карда шудааст.

Муҳаммадсаъид Файзулозода, раиси кумитаи эминии маводи ғизоӣ гуфт: “дар ин муддат 28.4 тонна фаровардаҳои гушти, 5.1 тонна лабаниёт, 1070.2 летр равғани наботи, 15356 адад тухми парандагон ва 391 килограм моҳии ғайри қобили масраф нобуд шуд.”

Ҳамчунин ба гуфтаи у 244 килограм асал, 4.5 тонна фаровардаҳои шур, 3.3 тонна хушкбор, 10.5 тонна мева ва сабзи ва 3.6 тонна маводи фароваришуда ба унвони маҳсулоти бекайфият ва хатарнок шиносоӣ ва аз фуруши он пешгирӣ шуд.

Файзулозода гуфт: “дар ин муддат бо истифода аз ваксина ва дигар мавориди домпизишки дар марокизи пахши эминии маводи ғизоӣ ҳудуди 9.5 миллион дом ва паранда ваксина шуданад ва иқдомоти пешгирона аз бемориҳои дом анҷом шуда аст.”

Раиси Кумитаи эминии маводи ғизоӣ изҳор кард, ки коркунони ин муассиса 555 ҳазору 577 бозраси аз маҳалҳои пахши маводи ғизоӣ анҷом доданд.

Кумитаи эминии маводи ғизоӣмаводи ғизоӣТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment