Баррасии ҳамоишҳои иқтисодӣ дар мулоқоти Зоҳидӣ бо раиси Палатаи савдои ҶИЭ

Сафири Тоҷикистон дар Эрон бо раиси Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон мулоқот кардааст.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Ҳусейни Салоҳварзӣ, раиси Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи сармоягузорӣ ва тиҷорат, ҷалби ширкатҳо ва сармоягузорони эронӣ ба иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Мавзуи ширкати тоҷирони эронӣ дар ҳамоишҳо ва намоишгоҳҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Тоҷикистон низ баррасӣ шудааст.

Низомиддин Зоҳидӣсафорати Тоҷикистон дар ЭронТоҷикистонЭрон
Comments (0)
Add Comment