Афзоиши доираи эътирозҳо ва эҳтимоли суқути кобинаи Нетанёҳу

Дар ҳоле, ки давлати рости ифротии "Бенёмин Нетанёҳу", тарҳи худро барои бознигарӣ дар дастгоҳи қазоӣ пеш мебарад, садаҳо ҳазор мӯътариз дар хиёбонҳои Телавив ва дигар шаҳрҳо тазоҳурот карда ва таъкид карданд, ки ба эътирози худ то расидан ба натиҷа идома хоҳанд дод.

Исроил бо эътирозоти дохилии густурда ва камсобиқае рӯ ба рӯ аст. Тазоҳуроти хиёбонӣ идома дорад ва ба эътисобот ҳам изофа мешавад. Эътирозот алайҳи тарҳи кобинаи Исроил ба номи “ислоҳоти қазоӣ” аст. Нетанёҳу (нахуст вазир) таҳти фишори шадид барои таваққуфи тасвиби ин тарҳ аст, аммо ҳамчунон муқовимат мекунад.

Ба думболи густариши рӯз афзӯни тазоҳуроти эътирозӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ, коршиносон ва таҳлилгарони сиёсӣ мӯътақиданд, ки мӯътаризон ҳоло дигар фақат ба думболи мутаваққиф кардани ислоҳоти қазоӣ нестанд балки хостори сарнагунии комили кобинаи ростгарои “Бенёмин Нетанёҳу” нахуст вазири ин режим ҳастанд.

Бино бар хабарҳои расида, тазоҳурот дар сарзаминҳои ишғолӣ дар ҳоли афзоиш аст ва ҳадафи ҷунбиши саҳюнистҳои мӯътариз сарнагунии кулли кобинаи Нетанёҳу ва на фақат нахуст вазир аст.

Муътаризон саъй мекунанд бештарин теъдоди мумкин аз сокинони сарзаминҳои ишғолӣ ба хиёбонҳо биёянд то алайҳи кобинаи Нетанёҳу ҳамсадо гардида ва онро сарнагун кунанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, суръати эътирозот дар ҳоли афзоиш аст. дарҳоле, ки ҳадафи аслӣ дар ибтидои эътирозот на гуфтан ба ислоҳоти қазоӣ Нетанёҳу буд, аммо мӯътаризон акнун ба кобинаи вай на мегӯянд ва ба дунболи сарнагунии он ҳастнд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, сафари Исҳоқ Ҳерзог, раиси режими саҳюнистӣ ба Амрико барои мудирияти буҳрони мавҷуд дар сарзаминҳои ишғолӣ будааст, ки Ҷо Байден аз ӯ хост сареъ ба Вашингтон биравад, дар ҳоле, ки гуфта мешавад сафари Нетанёҳу ба Амрико то поёни соли ҷорӣ ба таъвиқ афтодааст.

Таҳлилгарони фаластинӣ низ дар ҳамин хусус мегӯяд: ончи дар режими саҳюнистӣ дар ҷараён аст, як шикофи иҷтимоӣ дар миёни худи яҳудиён аст ва ба рағами эътирозот ва ихтилофоти мавҷуд дар режими саҳюнистӣ, онҳо алайҳи Фаластиниҳо ва арабҳо муттаҳид ҳастанд.

Таҳлилгарони фаластинӣ, ки Амрико кортҳои мутааддиде барои эъмоли фишори қавӣ бар режими саҳюнистӣ дар даст дорад. Бинобар ин ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки тавофуқҳои кобинаи эътилофии Бенёмин Нетанёҳу нахуст вазири режими саҳюнистӣ зер по гузошта шуда ва интихоботи ҷадид баргузор шавад.

Бинобар ин, дар ин, ки яҳудиёни сокини сарзаминҳои ишғолӣ ба вежа онҳое, ки аз Аврупои ғарбӣ ва Амрико омадаанд, худро демократ ва намояндаи бархе арзишҳо медонанд, шаке нест. Онҳо мебинанд дар ҳоли ҳозир Иёлоти Муттаҳида ё ҳамон зодгоҳашон дигар ба онҳо хидмат намекунад ва ҳатто дар байни яҳудиёни “диаспора” (ҷавомеъ дур аз ватан) низ ихтилоф вуҷуд дорад.

Нетанёҳу бархилофи майли худ ва ба ночориӯ ин кобина эътилофии шиканнда ва тундравро ташкил дод, чун фақат мехост бо истифода аз масунияти сиёсӣ худро аз зиндон наҷот диҳад дар ҳоле, ки пайгардҳои ҷиддӣ алайҳи ӯ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ дар садади ислоҳоти қазоӣ ва вазъи қонунӣ аст, ки ба Кнессет нисбат ба девони олӣ ва қувваи қазоия аввалавият ва бартарӣ медиҳад.

Бояд хотирнишон кард, ки Амрико имкони муталошӣ кардани кобинаи Нетанёҳуро аз дарун дорад, кобинаи эътилофии Нетанёҳу муттаҳид ва якдаст нест, ҳатто агар рости ифротии нажодпараст битавонад тасмимоти худро таҳмил кунад, аммо ба далели қонуни интихобот «Исроил» , ки иҷозаи зуҳури аксариятро намедиҳд кобинаи ин режим ба сахтӣ метавонад тасмимоти душворро иттихоз кунад ва натанҳо Нетанёҳу балки ҳеҷ кобинаи исроилӣ наметавонад онро иҷроӣ кунад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Амрико мехоҳад аҳдофи сиёсии худро дар Ховари Миёна иҷроӣ кунад, аммо наметавонад аз тариқи кобинаи ифротии Бенёмин Нетанёҳу бадон даст ёбад ин дарҳоле аст, ки агар Вашингтон бар зарурати таълиқи ислоҳоти қазоӣ матраҳ шуда аз сӯи ин кобинаи ифроти фишор биёварад риштаи ин ҳукумат тамоман аз ҳам гусаста хоҳад шуд.

АмрикоБенёмин НетанёҳумӯътаризРежими саҳюнистӣТелавив
Comments (0)
Add Comment