Дархости Тоҷикистон аз ҶИЭ барои интиқоли таҷриба дар арсаи саломат

Вазири тандурусӣ гуфт: бо таваҷҷуҳ ба забони муштараки Эрону Тоҷикистон, табодули таҷрибаи ҶИЭ ба мо дар ҳавзаи саломат кумак мекунад.

Вазири тандурустии кишварамон гуфт: “бо таваҷҷуҳ ба забони муштараки Эрон ва Тоҷикистон, табодули таҷрибаҳои Эрон метавонад ба мо дар таҳаввули ҳавзаи саломат кумак кунад.

Ҷамолуддин Абдуллоҳзода, вазири тандурустӣ дар дидор бо Баҳром Айнуллоҳӣ, вазири тандурустии ҶИЭ, ки ба Тоҷикистон сафар кардааст, хостори интиқоли таҷрибаҳои муваффақи ҳавзаи саломати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кишварамон шуд ва гуфт: “Эрон дар таъмини доруи мавриди ниёзи худ дар марҳилаи худкифоӣ аст ва мо барои таъмини ниёзи доруии худ дар ҷиҳати тафоҳумномаҳои байналмилалӣ ба ҳамкории Эрон ниёз дорем.”

Вай идома дод: “ҳамакунун доруи мавриди ниёзи Тоҷикистон аз 11 ширкати доруии эронӣ таъмин мешавад ва ҳамчунин метавон зарфияти доруҳои гиёҳӣ ва шифобахши Тоҷикистонро низ дар ихтиёри мутахассисони дорусози эронӣ қарор дод.”

Вазири тандурустии Тоҷикистон афзуд: “сафари ман ба Эрон таҷрибаҳои бисёре дар ҳавзаи саломат, беҳдошт ва дармон ба ҳамроҳ дошт; ба хусус, ки таҷҳизоти дандонпизишкӣ ва озмоишгоҳӣ дар Эрон  аҳамияти фаровоне дошт.”

Абдуллоҳзода илова кард: “бо таваҷҷуҳ ба забони муштараки Эрон ва Тоҷикистон, табодули таҷрибаҳои Эрон метавонад ба таҳаввули ҳавзаи саломати мо кумак кунад. Баргузории давраҳои бозомӯзӣ барои мутахассисони мо аз сӯи устодони эронӣ ва содироти дору ва таҷҳизоти пизишкӣ аз Эрон ба Тоҷикистон аз ҷумлаи ниёзҳои мо аст.”

Таҷрибаҳои арзишманди Эрон дар ҳавзаи саломат

Дар идома Баҳром Айнуллоҳ, вазири беҳдошти ҶИЭ изҳор кард: “яке аз нуқоти атфи пешрафти ҳавзаи саломат дар Эрон идғоми омӯзиш дар дармон буд, ки аз ҷумла стандартҳои ҷаҳонӣ аст ва дар низоми саломати мо ба иҷро даромад. Мо дар ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ фақат 9 донишгоҳи улуми пизишкӣ доштем ва акнун 67 донишгоҳи улуми пизишкӣ, 270 ҳазор донишҷӯи улуми пизишкӣ ва 22 ҳазор узви ҳайати илмӣ дорем, ки натиҷаи идғоми омӯзиш дар дармон аст.”

Айнуллоҳӣ афзуд: “шабакаи беҳдоштӣ дар ҳамаи манотиқи кишвар вуҷуд дорад ва агар бемор ба беҳварзӣ дар дуртарин нуқтаҳои Эрон муроҷиа кунад, дар сурати ниёз аз тариқи низоми шабака ба мутахассис ирҷоъ дода мешавад.”

Вай бо ишора ба пешрафтҳои ваксиносиуни Эрон, афзуд: “фалаҷи атфол дар Эрон солҳост ба кумаки ваксиносиуни саросарӣ решакан шуда ва дар контроли бемориҳои вогири таҷрибаҳои арзандае дорем, ки қобили интиқол ба кишвари Тоҷикистон аст.”

Вай афзуд: “таҳримҳое, ки солҳо ба мо таҳмил шудааст, натанҳо сабаби таваққуфи мо нашуда, балки раванд ва суръати пешрафти моро афзоиш додааст. Мо барномаҳои кӯтоҳмуддат, миёнмуддат ва дарозмуддат барои таомулоти мушаххас бо кишвари Тоҷикистон дар ҳавзаи саломат дорем.”

Айнуллоҳӣ идома дод: “дар давраи крррнавирус дар ҳоле, ки тавзеи воксина аз сабаби бурукросии ҷаҳонӣ буд, мо 6 навъ воксина тавлид кардем ва бо коҳиши мавонеи девонсолорӣ тавонистем муҷаввизи 5 воксинаро бигирем.”

Вазири тандурустии кишвари Эрон гуфт: “дар иҷлоси гурӯҳи G 5 бояд 5 кишвар дар канори якдигар ва ба сурати гурӯҳӣ барномаҳои доруӣ ва дармониро ба пеш барем ва мавонеи девонсолоронаро дар равобит бо кишварҳо ба ҳаддиақал бирасонем.”

Вай афзуд: “доруҳои мо аз роҳи ғайримаъмул ва бо чанд баробари қимат ба Тоҷикистон мерасад, дар ҳоле, ки бо ҳазфи бурукросиҳо ин доруҳо бо қимати воқеӣ ба дасти мардуми Тоҷикистон хоҳад расид.”

Айнуллоҳо баён кард: “Эрон озмоишгоҳҳои пешрафтае дорад, ки метавонад дар иртиқои шохисҳои саломати Тоҷикистон муассир бошад ва донишмандони барҷастае дорем, ки дар тавлиди доруҳои бисёр пешрафта аз ҷумла дар ҳавзаи силтаропӣ нақш доранд.”

 Зарурати тасҳили шароити вуруди доруҳои Эрон ба Тоҷикистон

Дар идомаи ин дидор, Муҳаммадтақии Собирӣ; сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ишора ба табодули доруӣ байни ду кишвар ва рафъи ниёзи доруии кишвари Тоҷикистон бо кумаки Эрон, изҳор кард: «пешниҳоди ман ин аст, ки дар ҳамин сафар тафоҳум шавад доруҳое, ки дар Эрон таъйид шуда ва дорои муҷаввиз аст, дигар ниёзе ба таъйиди муҷаддад дар кишвари Тоҷикистон надошта бошад. Бо ин тамҳидот ҳам қимати дору поин меояд ва ҳамзамон дастрасӣ ба дору коҳиш меёбад.»

Вай идома дод: «яке аз мушкилоте, ки воридкунандагони доруии Тоҷикистони ба мо мегӯянд, тай кардани замонҳои тӯлонӣ ва баъзан 6 моҳа барои хуруҷи дору аз бурукросиҳои мавҷуд ва ахзи муҷаввизҳо аст, ки ин мушкилот бо рафъи бурукросиҳои дасту погир ҳалшуданӣ аст.»

 Таъсиси шӯъбаи Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳиди Биҳиштӣ дар Тоҷикистон

Муҳаммадҳусайни некном, мудири кулли ҳамкориҳои байналмилали Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон низ дар ҷаласаи муштараки вазирони тандурустии ду кишвар бо ишора ба нуқоти муштараки ду кишвар дар ҳавзаи саломат, афзуд: «ба зудӣ шӯъбае аз Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон таъсис мешавад.»

Вай афзуд: «мо муассисаи омӯзиши байналмилалӣ ба номи «мӯътамид» дорем, ки омӯзиши мудирони низоми саломатро бар ӯҳда дорад ва дар сурати ниёз, мудирони саломати Тоҷикистон метавонанд аз зарфиятҳои ин муассиса истифода кунанд.»

Вай идома дод: «ба зудӣ феҳристе аз роҳнимоҳои болинӣ аз Эрон барои Тоҷикистон ирсол мешавад, то барои контрол ва ҳадафманд кардани низоми саломат мавриди истифода қарор гирад.»

Некном бо баёни инки дар заминаи сатҳбандии низоми дармон низ Эрон омодагии ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро дорад, гуфт: «дар назар дорем бемористони эрониён ё Ибни Сино дар Тоҷикистон марҷаи аслии ирҷои беморон аз Эрон ба Тоҷикистон шавад. Яъне бо табодул бо донишгоҳҳои улуми пизишкии Эрон, беморон аз ин марказ барои идомаи раванди дармон ирҷоъ шаванд, ки ин муҳим ниёзманди табодул байни вазоратҳои тандурустӣ ва донишгоҳҳои улуми пизишкии ду кишвар хоҳад буд.»

бемористони Ибни СиноВазорати тандурустӣВазорати тандурустии ЭронкоронавируссаломатТоҷикистонҶумҳурии Исломии Эрон
Comments (0)
Add Comment