Тоҷикистон барои эҷоди фазои тарсолуд танқид шуд

Мақомот аз аъзои оилаи сиёсатмадорони мухолиф, рӯзноманигорони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳамчун абзори фишор истифода мебаранд.

Ба нақл аз Озодӣ, Мэйзи Вейчердинг, пажӯҳишгари Афви Байнулмилал (Amnesty International), дар нишасте гуфтааст, мақомот аъзои оилаи сиёсатмадорони мухолиф, рӯзноманигорони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро ҳамчун абзори фишор ба зидди онҳо истифода мебаранд.

 Нишаст дар мавзӯи “Бритониё ва Осиёи Марказӣ” дар охири моҳи июни имсол гузаштааст. Радиои Озодӣ матни суханронии Мэйзи Вейчердингро рӯзи 16-уми июл дид.

 Мэйзи Вейчердинг гуфтааст: “Ин фишор бисёр воқеӣ аст. Барои мисол, оилаҳои аксар ҳомиёни ҳуқуқ, ки ҳоло дар зиндон ҳастанд, ночор кишварро тарк карданд. Ба номуси духтарон, занҳо ва ҳатто модарони онҳо таҳдиди таҷовуз шудааст..”

Созмону кишварҳои ғарбӣ солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби хабарнигорону вакилони мудофеъ ва дигарандешон танқид мекунанд.

Дар ин маврид дар гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико, гузоришгарони Созмони Милали Муттаҳид, Хонаи Озодӣ, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, Дидбони Ҳуқуқи Башар ва созмонҳои дигар таъкид шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора саркӯби озодандешонро рад мекунанд.

Дар посух ба ин суол, ки чаро то ҳанӯз Бритониё Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои мавриди нигаронӣ ҷой надодааст, Мэйзи Вейчердинг гуфта, ки “бо меъёрҳои Вазорати умури хориҷӣ дар ин бора ошно нестам, аммо ба он чӣ дар Тоҷикистон мегузарад, бингаред, он комилан як кишвари мавриди нигаронӣ аст.”

абзори фишорозодии баёнрӯзноманигорони мустақилсаркӯбгарӣТоҷикистонхабарнигогорҳомиёни ҳуқуқи башар
Comments (0)
Add Comment