Шаҳодати 5 фаластинӣ тайи як ҳафтаи гузашта ба дасти ишғолгарони саҳюнистӣ

Расонаҳои фаластинӣ аз шаҳодати 5 фаластинӣ ва захмишудани 6 саҳюнист дар як ҳафтаи гузашта хабар медиҳанд.

Ба гузориши маркази иттилоъ расонии Фаластин, тайи як ҳафтаи гузашта, ҳадди ақал 182 амалиёти мухталифи муқовимат дар арозии ишғолии Фаластин ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта шуда дар ин амалиётҳо 6 низомӣ ва шаҳракнишини ишғолгари саҳюнист, захмӣ шуданд.

Ҳамчунин дар ҳамалоти ҳафтаи гузаштаи низомиёни ишғолгари исроилӣ ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ ва Қудси Ишғолӣ, 5 фаластинӣ ба шаҳодат расида ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Аз сӯи дигар, низомиёни саҳюнистӣ дирӯз ҷумъа бо ҳамла ба шаҳраки Сабтия дар Ноблус бо сокинони ин шаҳрак даргир шуданд.

Неруҳои артиши режими ишғолгари Қудс ҳамчунин ба шаҳрҳои Алхалил ва Салафият ҳамла бурданд ва бо Фаластиниёни сокини ин шаҳрҳо даргир шуданд.

Ҳамчунин саҳюнистҳо зӯҳри дирӯз ба шаҳраки Куфр Қадум дар шарқи Қалқиля ҳамла бурда ва дасти кам 6 фаластинӣ тайи ин даргириҳо бо низомиёни палиди саҳюнистӣ захмӣ шуданд.

Ишғолгарони саҳюнист ба сӯи фаластиниён гулӯлаҳои газӣ ва ашковар ва савтӣ шиллик карданд, ки дар пайи ин таҷовузот даҳҳо фаластинӣ захмӣ ва даҳҳо тани дигар ҳам захмӣ шуданд.

Шоёни зикр аст, ки низомиёни артиши режими хабиси саҳюнистӣ дар ҷараёни ин ҳамалот даҳҳо Фаластиниро боздошт карданд. Бинобар эъломи манобеи фаластинӣ дар ин даргириҳо токунун дасти кам 36 фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ захмӣ шудаанд.

Ҳамчунин маркази мутолиоти усарои Фаластин эълом кард, ки низомиёни ишғолгари саҳюнистӣ аз бомдоди рӯзи ҷумъа то кунун 11 Фаластиниро дар ҳамла ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ, боздошт кардаанд.

Бинобар гузоришҳо маркази аслии ин боздоштҳо шаҳри Алхалил будааст.

Рузи панҷшнбе низ низомиёни артиши кӯдак куши режими саҳюнистӣ  зимни ҳамла ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ, мавҷе аз боздоштҳоро дар ин манотиқ ба роҳ андохтанд ва чандин Фаластиниро боздошт карданд. Ҳамчунин дар ҷараёни ин ҳамлаҳо, муборизони фаластинӣ бо саҳюнистҳо даргир шуданд.

Дар идомаи тааррузҳои низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнистӣ ба фаластиниён низ, Аҳмад Умар, ҷавони озодаи фаластинӣ, тавассути низомиёни артиши режими саҳюнистӣ мавриди зарбу шатми шадид қарор гирифт. Дар асари ин иқдоми ваҳшиёнаи саҳюнистҳо, устухони ҷумҷумаи ин ҷавони фаластинӣ шикаст ва барои мудовои ҷарроҳоти ворида ба бемористоне дар Қудс мунтақил шуд.

Низомиёни саҳюнистӣ дар минтақаи Аттоқа воқеъ дар шарқи Ғазза ва ҳамчунин дар шарқи Хонюунс низ, зимни тирандозии мустақим ва партоби гулӯлаҳои гази ашковар ба самти кишоварзони фаластинӣ, ононро ба хурӯҷ аз заминҳои кишоварзии худ водор карданд.

Булдузерҳои артиши ҷинояткори режими саҳюнистӣ масире ба тӯли 300 метр воқеъ дар арозии шаҳраки Кафр ал-Дик воқеъ дар ғарби Салафиятро, шухм заданд. Ин иқдом дар ростои эҷоди масири ҷадиде барои шаҳраки саҳюнистнишини “Бадуил” сурат пазируфта, ки мунҷар ба ишғоли бахши дигаре аз арозии Фаластиниёни сокини ин минтақа хоҳад шуд.

Дар натиҷаи эътирози Фаластиниён ба ин иқдоми саҳюнистҳо, даргириҳо миёни онон ва саҳюнистҳо шакл гирифт. Низомиёни саҳюнистӣ барои дуркардани Фаластиниён аз ин минтақа, аз бомбаҳои савтӣ ва гулӯлаҳои гази ашковар истифода карданд.

Дар минтақаи Салвон воқеъ дар ҷануби Қудси ишғолӣ низ, шаҳракнишинони саҳюнистӣ дар идомаи иқдомоти ваҳшиёнаи худ, шишаҳои чандин мошини мутааллиқ ба Фаластиниёнро шикастанд.

Аз сӯи дигар, дар идомаи тааррузҳои саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо,  низ 137 шаҳракнишини саҳюнистӣ бо ҳимояти мустақими низомиёни артиши режими саҳюнистӣ, ин макон муқаддасро мавриди таарруз қарор доданд.

ҚудсРежими саҳюнистӣсаҳюнистӣФаластиниФаластиниён
Comments (0)
Add Comment