Оғози интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Узбакистон

 Теъдоди 19 миллиону 722 ҳазору 809 нафар воҷиди шароити раъйдеҳии раисиҷумҳури мунтахаби худро интихоб кунанд.

Имрӯз якшанбе аз соати 8 субҳ ба вақти маҳаллӣ дар саросари Узбакистон интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ оғоз шуда ва то соат 20 идома хоҳад дошт.

Ситоди марказии интихобот барои баргузории интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ 14 ҳавзаи интихоботӣ шомили 10 ҳазору 784 шӯъбаи раъйдеҳӣ эҷод кардааст.  Теъдоди 19 миллиону 722 ҳазору 809 нафар воҷиди шароити раъйдеҳии раисиҷумҳури мунтахаби худро интихоб кунанд.

Ҳамчунин ба таври куллӣ 785 нафар нозир аз созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ монанди дафтари ниҳодҳои демокрасӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳодия ниҳодҳои ҷаҳонии интихоботӣ, ҷомеа кишварҳои Ҳамсуд, Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ бар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ назорат мекунанд.

Илова бар ин, ҳазору 299 нафар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии Узбакистонро пӯшиш медиҳанд.

Раъйдиҳандагон имрӯз ба яке аз 4 номзад аз ҷумла Абдушукур Ҳамзаев, Робахон Маҳмудова, Улуғбек Иноятов ва Шавкат Мирзиёев раъй медиҳанд.

Ҷамъияти Узбакистон беш аз 36 миллион нафар аст, ки 19 миллиону 722 ҳазору 809 нафари онҳо воҷиди шароити раъй додан дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳастанд.

интихоботи президентӣУзбакистонШавкат Мирзиёев
Comments (0)
Add Comment